Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
якмаром мебуд. Отун якзайл калима мегардонид. Чашмони бемор як калон кушода шуду оҳиста-оҳиста пилгонҳояш ба ҳам омаданд. Табассуми тифлона дар лабонаш нақш бастанд.
Отунбибӣ бо пораи матои сафед, ки пешакӣ тайёр карда буданд, манаҳи ҷасадро баст. Модар фиғони ҷонқоҳе кашид. Вале Нордона аз манзараи ҳузнангези хона хабаре надошт. Вай доду фарёдро бас карда буд. Зеро медид, ки ба зудӣ нуриён аз дару тиреза, аз бому бомгӯшаҳои модаркалон ба сони ҳавре, ки баъди борон мехезад, ба ҳаво бардошта мешуданд. Корвони нуриён модаркалони хушрӯву хушҳӯяшро мебаранд. Вай ҳам мисли ҳамроҳонаш ба вуҷуди пурнару муҷалло табдил ёфтааст. Сабук печутоб мехӯрад ва ҳамвора боло мепарад.
Нордона ҳам акнун ду даст сӯйи само бардошта чарх мезанаду чарх. Дигарон нолаву фиғон мекунанд. Аз чӣ фарёди бемаънӣ мекашанд онҳо? Магар намебинанд, ки корвони нуриён зебо мепаранд? Бибӣ зиёд хушнуд асту бебокона бол меафшонад. Чӣ хушбахт аст ӯ! Нордона ҳам ба мисли бибӣ будан мехоҳад. Ба пирӣ расидан мехоҳад. Чунонки модаркалон дуо мекард, тезтар ҳазорсола шудан мехоҳад. Эҳ, кош, ин ҳазор сол зудтар гузараду ӯ ҳам ба сони соҳибони он пайкарҳои нуронӣ боло парвоз кунад. Шояд он рӯз модаркалон барои бурдани наберааш ояд, чунон ки имрӯз барои бурдани бибӣ пешрафтагон омаданд. Эҳ... кош, зудтар ҳазор сол мегузашт.
ХОБ АНДАР АНГОРАИ СУБҲДАМ ДИДАМ...
Бале, басе хоби рӯшан буд. Гӯиё ман ба Бухоро сафар кардаам. Сафарам якрӯзаву дурӯза набудааст. Дар даст номае доштаам навишта бо хати ниёгон. Дар дурҷи сина саду як арзу шикояте доштаам, аммо якеро дар он мактуб ҷой додааму бас, ки басо муҳим будааст. Рафтаам ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё