Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
мақбараи Сомониёни бузург, то арз ба равони поки Девори Бухоро - посдори забони биҳиштиамон - порсӣ бикунам. Манзараҳои атрофи мақбара ба мисли имрӯза набудааст. Сагонаҳои зиёде мақбараи Сомониёнро иҳота карда будаанд. Яъне, ин қария ҳама хокҷойи бузургони миллати мо будааст.
Номаамро гузоштаам ба ковокие дар сагонаи он покнажод, ки ҳазору чанд сол инҷониб ихлосмандонаш дардномаи хешро супорида, баъди ду ҳафта аз тарафи дигар ҷавоби қонеъкунанда мегирифтаанд. Маълум мегардад, сафари ман ба Бухорои Шариф 14 рӯз давом кардааст (зеро ман ҷисми худро аз боло дидаам), ки барои ҷавоби ариза ба тарафи дигари сагона равон будаам.
Даст ба шикофӣ бурда будам, то номаи дод бигирам, ногаҳ чароғи ҳуҷраамро касе гиронд... Аламам омад ва сахт гиристам...
САФАРГУФТАҲОИ КАМПИРИ МОМОГУЛ
(Ҳикояти воқеӣ)
Шукр, замона дигар гашту дасту пойӣ мардум кушода шуд. Тоҷик бо ҳар ваҷҳе ба аксои олам роҳ ёфт: сафорат, сиёсат, тиҷорат, саёҳат, зиёрат... Замони кӯдакиҳои мо дар шаҳристони Сӯх тақрибан 15-20 нафар номи Ҳочӣ ва Ҳаҷият (Ҳочибибӣ) доштанд. Албатта, худи онҳо Хонаи Худоро зиёрат накарда буданд, чун он айём роҳ ёфтан ба он макони муқаддас, метавон гуфт, ғайриимкон буд. Яъне, бобокалонҳои он ашхоси номбурдаам ҳаҷи фарзиро адо кардаву ба ифтихори он амал абераву чабераву кабераву фарфараки дарашон Ҳоҷию Ҳаҷияту Мадинаю Замзам ном гирифта буданд. Вале аз ин номи баланд худи аҳли хонаводаи соҳибномҳо ифтихор накунанд, дигарон парвое ҳам надоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё