Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ман он замон тақрибан нуҳсола будам. Рӯз аз ним гузашта бошад ҳам, тафси ҳаво кам нашуда буд. Дар айни гармо симкате, ки зери шахтути сершоҳу панҷаи ҳавлӣ гузошта шудааст, ҷойи дӯстдоштании мо, кӯдакони хонадон, буд: ҳам соя-салқин, ҳам дар рӯйи кат нишаста, хӯрок хӯрдан лаззати дигаре дошт! Ғижиросзании симҳои ҳалтазадаи ин кати куҳна ҳангоми «аргунчакпарӣ», ба коса ва ё як паллаи тарбузи ба рӯйи замин гузошташуда даст андохта шикам сер карданамонро намегӯед! Агар ба мисли мо ҳамин тавр роҳат накарда бошед, чунин ангоред, ки ба дунё наомадаед!
Пайваста бузургсолон гӯшрасамон мекунанд: «Ҳай, ростпо нон нахӯред, ки убол мешавад. Сари дастархон нишаста хӯред!» Аммо чӣ метавон кард, ки иштиҳои мо - кӯдакон дар сари дастархон не, ҳангоми бозӣ кушода мешавад. Барои ин мо гунаҳгорем магар? Пас чаро убол мешудааст?! Эҳ, калонсолон... Чӣ кунем, ки ба оби сарди Қаросув нони гармро сар додану баъди чанд қадам онро доштану бо иштиҳои тамом хӯрдан, дар шоҳаи баланди зардолуи пир пойҳоро алвонҷдиҳон обакидандон макидан, аз шишаи шикастаи тирезаи ошпаздона даст андохта, зарфи шишагии пур аз чойи хунукро баровардан ва ба сар кашидан, аз сари кишт қулфинайҳои аранже сурхшударо бо даст не, ба сари чӯяҳо зону зада бевосита бо даҳон чиндан аз ҷумлаи корҳои дилнишини мост! Ҳамин тавр, иштиҳо боз мекунему шикамсер мегардем. Пас, чаро мо - бачагонро ҳамвора «ба тартиб кашидан» мехоҳанд?
Дар ёд дорам, ҳамон сол моҳи Рамазон ба мавсими гармо рост омада буд. Барои чӣ калонсолон рӯзи тамом аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё