Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

баъдиҳаҷии беш аз думоҳа низ қоилмақом гузарад. Бечора аз тариқи Ватсап ин ҳама дабдабаю ин обрӯи рӯзафзуни хонадонашонро дида, курта-курта гӯшт мегирифтааст, ҳисси ифтихораш болотар мешудааст.

Мардум аз навҳоҷиҳо таассуроти сафари Хонаи Худоро мепурсиданд. Ҷавонҳо одоб нигоҳ медоштаанду ба калонсолон сухан медаданд. Мукаррамшоҳ ҳам қиссаҳои бибикалонасро, ки ба ҳозирин мегуфтааст, шунида даҳонаш воз мондааст.

  • Унҷа мазза, ҳама чиз ҳай, хурмо фаровонӣ, одамо бисёр. Мана ниверам аровачава шинонда катайса кунонд...

  • Бибиҷон, аз Хонаи Худо гап занед, - наберадухтари кампири Момогул бибикалонро гӯшрас кардааст.

  • Ҳо, инашам мегӯм, Хонаи Худоя дида хушам бирафт. Чойҳои моба ин хел хонаи хушрӯ нест. Худо ниҳоят бой будиян, дари хонашон тиллогин, чунон хушрӯ!

Ҳамсоязанҳо аз ҳикояти Қурбонгул завқ мебурданду мегуфтанд, ки кампири Момогул хушбахт будаанд. Кӯдаки бегуноҳ барин гӯлак шуда бошанд ҳам, авлоди баномусашон ба ҳаҷ фиристодааст. Моро ҳам фарзандон ба Хонаи Худо бибаранд, ку. Ҳама дар ҳаққи Мукаррамшоҳ дуо кардем. Даст мебардоштаму пеши назар симоҳои муҳоҷирбачагони хору зор меомаданд.

Зери лаб гуфтам:

  • Илоҳо, Мукаррамшоҳи дардманду ёрони ӯро ба оғӯши Ватан сиҳату саломат биёрӣ. Омин.

пешина
аз 208
навбатӣ