Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ки ман то он бегоҳ боре ҳам дар чашмонаш надида будам... Дилам нотинҷ буд. Модар маро куҷо мебурда бошад?
Он шаб хобҳои номафҳум дидам. Вақти азони бомдод модар бедорам кард. Базӯр сар аз болин бардоштам. Маълум, ба ҷое меравем, ки шоми гузашта ваъда шуда буд. Ба роҳ уфтодем. Тамоми шаб барфи зиёд борида буд. Ҳар замон ба ақиб менигаристам. Рӯйи барфе, ки рӯйҷойи оҳарии сафедро мемонд, нақши пойи ману модарам ба чашм мерасиду халос. Ҳарчанд ваҷоҳати модарам ба мисли шабона набуд, қаҳраш батамом нарафта буд. Лаб бастааст. То он ки ба ҳадди охири русто нарасидем, намедонистам, ки модарам маро куҷо мебарад. Ниҳоят, фаҳмидам: ба роҳе тоб хӯрдем, ки моро ҷониби қабристон мебарад. Магар модар маро сари хоки Холида-хола мебарад, ки узр пурсам?
— Оҷаҷон! Ҷон оҷаҷон, маро бубахшед, дигар ҳеҷ гоҳ ин хел сурудҳои бемаънӣ намебофам. Мана ба қабристон набаред, оҷаҷон!
Модарам гӯйё ба даҳонаш об гирифта бошад, дам намезад, ба нолаву зораи ман беэътиборӣ мекард. Вақте аз дарвозаи қабристон дарун даромадем, сари ду по нишаста ба тиловати оятҳои «Қуръон»-и маҷид пардохт...
Ба ёдам ҷумлаҳое аз кадом як филми бадеӣ мерасанд: «Атроф хомӯшистон. Мурдаҳо дар даст доси аҷал медоранд...» Диламро тарсу ваҳм паҳш мекунад. Худро ба модар наздиктар гирифта мешинам. Ниҳоят, модарам ду кафи даст ба рӯй мекашад ва ба ман рӯй меорад.
— Бо таронаи бемаъноят шаб маро сахт ранҷондӣ, духтарам. Дар асл айби худам. Метавонистам аз қисмати Холида-хола барвақттар бароит қисса кунам. Гумон кардаам, ки шумо ҳоло кӯдакед, ҳанӯз вақташ нарасидааст. Имрӯз мебинам, ки хеле дер кардаам. Гӯш кун, духтарам.
...Солҳои мудҳиши ҷанг шавҳари Холида-хола ҳам ба ҷабҳа рафту ин муштипар бо чаҳор фарзанди хурдсол зору ҳайрон монд. Номи ҷанг нест шавад-а! Рӯз дар миён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё