Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Марямбонуи Фарғонӣ

– Илоҳо, бо умри дарозу ризқи фароҳаш дода бошӣ. Дар ҳамин ҳавлӣ сарсӯз гардад, бачаву качадор шавад. Ба мисли модараш хушсухан шавад!

Ҳозирин, ки аз ин дуои сари ақл гуфташудаи пирамард шигифтзада гардиданд, дар аввал гӯиё шах шуданд ва баъди лаҳзае ба худ омаданду «омин» гуфта, ду каф ба рӯй кашиданд.

Пирамард аз пештара дида ба ин кӯча зиёдтар меомад. Ҳарчанд хушдомани инҷиқи он ҷавонзани хушсухан «ҳайҳай»-гӯён рӯйхушаш намедод, аз қаҷоваи аробача навзодро бо эҳтиёти тамоми ба даст мегирифту навозиш мекард ва ҳатто, чанд қадам ин тарафу он тараф мегардонд...

Аз миён чанде гузашт. Дигар модари ҷавону тифлакаш ба чашм наменамуданд. Пирамард дар дами дарвоза интизорӣ мекашид, чун ҳад надошт, ки дарун дарояд. Ба ин минвол моҳе сипарӣ шуд. Ахиран ӯ сабрро аз даст дод ва аз ҳамсояҳо пурсид. Ҷавобаш доданд, ки:

– Арӯсро аз пайи гапҳои майдаву чайда рондаи даргоҳ карданд, падар. Пирасашонро зани нав доданианд...

Мӯйсафед давоми гапи онҳоро нашунид. Майнааш карахт шуд, паси гӯшҳояш садои ғуввосие баланд шуд. Бехудона думушта дарвозаро мекуӯфту бо овози ғайритабиие гулу медаронид:
– Ҳой, ҷинниҳои беақл!!! ...


ҚОЛУМБ

Ӯро дар яке аз боғҳои шаҳри Алмато вохӯрдам. Мо - гурӯҳи вакилони Анҷумани байналмилалиро барои иштирок дар яке аз чорабиниҳо ба ин боғ даъват карда буданд. Бандаро зебоии хоси гуле, ки дар айни пойиз шукуфта буд, ба худ ҷалб кард. Аз пайи аксбардорӣ шуда, бехабар мондаам, ки аз қатори ҳамроҳонам дур афтодаам.

пешина
аз 208
навбатӣ