Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Бо умеди пайдо кардани ҳамгурӯҳон ба гирду атроф чашм меандохтам, ки марди глобусбадасте фарох хандакунон ба ман наздик шуд. Ҳарчанд мӯйсару ришу буруташ тоза тарошида, либосҳои поку тамиз ба бар дошта бошад ҳам, худдориаш ғайритабиӣ метофт: гӯиё таноби даҳонаш гусаста бошад, аз он дандони ягонааш пайваста намоён мешуд.
— Салом!
Ростӣ, ба дилам тарс афтод. Аз чӣ бошад, гумон кардам, бо глобуси дасташ, ки хеле калон ҳам буд, ба фарқи сарам мефарорад. Аксбардории он гули зеборо як тараф монда, роҳи гурезро пеш гирифтам. Аз ғояти саросемагӣ қариб буд ба қазоқзане бармехӯрдам, ки таҳкурсии кадом як пайкараро пок мекард. Зоҳиран ин бонуи солрафта вазъи маро наззора кардааст, ки бепарво даст афшонда гуфт:
— Қорықпа! Жемес. Колумб жақсы жігіт.112
Ба ин бонуе, ки табассумкунон корашро давом медод, салом додам. Ӯ алек гирифт ва боз пурсид:
— Аз Тошканд ҳастӣ?
— Бале. Чӣ хел пай бурдед? - дар ҳайрат афтодам ман.
— Ман не, ӯ пай бурд, - зан ноаён оҳе кашид.
— Кӣ? - ҳайратам афзуда буд.
— Колумб-дия.
Сипас «Ол өзінің отандастарын біледі. Ол жерлестерін сойле қарсы алады»113-гӯён ба марди девонаавзое, ки ман аз ӯ мегурехтам, ишора карда, корашро давом дод. Мард зоҳиран ҷуръат намекард, то ба мо наздик шавад. Кампир гӯиё пай бурда бошад, ки аз қисмати он марди девонаавзо огаҳ шудан мехоҳам, ба тап даромад.
Назар ба гуфтаҳои қазоқзан, Колумб аз тақдир зарбаҳои сахт дидааст. Тақрибан сӣ сол муқаддам ӯро дар

пешина
аз 208
навбатӣ