Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
наздикии роҳи оҳан дар ҳолати хеле вазнин ёфта, ба шифохона бурдаанд. Ҳамин зани бефарзанд, ки он вақт фарроши бемористон будааст, аз рӯйи меҳру шафқат ҷавони осемасари бекасро парвариш кардааст, фарзанд хондааст ва ба хонааш овардааст. Чун аз ҷароҳати тани ҷавони ғариб асаре намонда, ҷисму ҷонаш қувват ҳам гирифтааст, модархонд аз дасташ дошта, ба Тошканд овардааст. Бо даву тоз шахсияти ӯро муайян кардааст. Маълум гардидааст, ки номи аслии ҷавон Комилҷон будааст. Аз бахти бад, падару модари ӯ барвақт даргузаштаву ин ятим дар дасти бародараш ба воя расидааст. Комилҷон, ки табиатан закӣ будааст, бахти донишҷӯйӣ низ насибаш гардидааст, соҳибдиплом ҳам шудааст. Ҳанӯз сари кореро нагирифта, озими кишвари Русия шудааст, то аз бародари муҳоҷири гумшудааш дараке ёбад... Дар ин бора бародарзани ҷавон бо оби чашм қисса кардааст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ Комилҷонеро, ки дигар нигоҳаш ғайритабиӣ метофтааст, имкони аз дарвоза дарун даромадан надодааст:
- Ин Комил нест! Ин девона аст, охир! Ҳатто, агар Комил бошад ҳам, ман бо ӯ дар як ҷо зиста наметавонам. Метарсам! Ҷасади бародарашро оварданд, ба хок супоридам. Дигар ман бева ҳастам. Бигӯед, ки ман бо девона дар як ҳавлӣ чӣ хел танҳо монам?! Бадбахтона, ин хешованди дигаре ҳам надорад...
Бевазан ба ҳавлиаш медарояду дарвозаро сахт мебандад. Ҷавони соданигоҳ ба ҳавлие, ки хуни нофаш рехтаву ҳамин ҷо ба воя расидааст, бо алам чашм медӯзад. Кампир пай мебарад, ки дили сангини бевазанро нарм карда наметавонад. Ноилоҷ, аз дасти Комил дошта ақиб мегардад. Онҳо дигар ҳамеша ба ҳамдигар қуввати дил мешаванд, ҳамчун очаву бача бо меҳрубонӣ зиндагӣ мекунанд...
- Пас, маълум мегардад, номи писаратон Комилҷон аст. Исми Колумб ба ӯ чӣ нисбат дорад? - бо таҳайюр пурсидам аз фаррошзан, дар ҳоле ки чашм аз он ҳамдиёрам намекандам. Зимнан, Комилҷон ба тарафи мо зуд-зуд назар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё