Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
мекунед? Рӯзе, ки ду соҳиби ақл, ду мӯйсафеди аз аркони шариат бохабар, ду марди мактабу мадрасадида ғами оилаи ҷавонро нахӯрдеду яке баланд гӯяд, дигаре паст нафаромадед, мардум чӣ мегӯянд, ояндаи фарзандони ин муштипар чӣ мешавад, нагуфтед, имрӯз ҷойи истиҳолаву шарми мардум гуфтан нест! Акнун мардум ҳар чӣ хоҳад, гуфтан гирад. Ман парвои гапи мардумро надорам. Барои ман ҷони хоҳарам азиз аст. Он сияҳмаст чӣ мардест, ки аз уҳдаи тарбияти фарзанданаш барояд? Худам ба ҷойи падар хоҳарзодаҳоямро парвариш мекунам. Дигар ин ки даҳ ангушти хоҳари ман ҳунар аст. Агар як сарпаноҳ сохта диҳем, рӯзгорашро худаш ҷунбонида метавонад. Иншооллоҳ, зори касе намешавад.» Албатта, бобоям ҳам барои ҳақ будани худ далел доштаанд, вале ҳоли зори духтари ягонаашонро дидаву дониста, худро канор кашида натавонистаанд. Бинобар ин, розӣ шудаанд, ки моро ба хонаашон бозоранд.
Дигаронро намедонам, аммо ба Сӯх кӯч бастанамон барои мани ҳаштсола гӯиё таваллуди дубора буд. Зиндагии пур аз шодиву нишот оғоз шуд. Ба ёдам ҳаст, ки он рӯз бибиам тараддуди суманакпазӣ дошт.
Ҷашни бедоршавии табиатро мардуми воҳа иди Сари сол мегӯянд. Ҳанӯз пештар аз оғози Наврӯз мардҳо аввал ба тариқи ҳашар анҳору ҷӯйборҳоро тоза мекунанд, ба замини кишт пору мекашанд, шикасту рехти бому бораҳоро мелованд. Вале ба тармими оташдон даст намезананд. Ин кор ба дӯши бонувон аст. Занҳо баъди хонатаконӣ бо гилбутта (хоки кулодӣ) оташдонҳоро андова мекунанд. Ба андешаи ман, оташ, ки рамзи гармии хонадон аст, посдори ин гармӣ маҳз бонувонанд. Одатан, дар чунин рӯзҳо барои мардони кор дар мазор ё масҷид барин ҷойҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё