Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
менигарист. Мазмун, ҳис мекунад, ки модар аз чизе ранҷидааст. Баъд якбора мешӯрад ва ба ман нигариста ғур-ғур мекунад.
Ӯ ба ҳимояи модар бархоста буд!
Ман он пиразани аробабадастро боз бисёр дучор меомадам. Вале ҷуръате надоштам, ки назҳаш равам. Ӯро фақат аз дур назорат мекардам.
Зимистон сахт омад. Ҳар гоҳе, ки гузарам ба бозорчаи Боғишамол афтад, нигоҳам бесаброна онҳоро меҷӯст. Дер боз очаву бачаро вонамехӯрдам. Фикр мекардам, ки кампир бемор шудагист. Дар ҳақиқат агар вай бемор шуда бошад, писари ногиронашро кӣ нигоҳубин мекунад?
Оҳ модар! Модар! Дар ҷаҳон ҳеҷ неруе ба неруи меҳри ту баробар шуда метавониста бошад? Не, ҳаргиз не! Агар меҳри дигаре дар баробари меҳрат пайдо мебуд, пиразани ҳафтодсоларо ҳоҷат ба бардошта гаштани кӯдаки сивупанҷсола намемонд.
Ман фарзанди пиразанро кӯдак ном бурдам. Дар ҳақиқат бо он нутқи ноқис ва нигоҳи кӯдаконаву дасту пои ногиро ӯ барои модар беш аз кӯдак набуд...
Аз байн боз чанд вақт гузашт. Акнун ман одат карда будам, ки онҳоро дигар дар кӯча набинам. Нохост рӯ ба рӯям боз ҳамон аробача пайдо шуд. Ба пиразан зеҳн мондам. Ҳис кардам, ки вай муддате бистарӣ будааст. Дар рӯи пажмурдааш аз хун асаре набуд. Оҳиста-оҳиста аз бозор берун меомад. Ногаҳон пояш лағжиду якпаҳлӯ афтид. Худро зуд ба сари онҳо расондам. Вақте ки ҷомаашро аз барфобаи олуда тоза мекардам, пиразан ба рӯи ман бо миннатдорӣ нигаристу дар ҳолате ки дар чашмони камнураш ашк ҳалқа мезад, гуфт:
— Ташаккур духтарам, пир шав, аммо мисли ман азоб накаш. Пири бадавлат шав.
Баъд чашмони ӯ ба рӯям дӯхта шуд.
— Исто, ки ман туро дар куҷое гӯё дида будам. Дар куҷо? Ҳеҷ ба ёдам намеояд. Гӯр сари пирӣ...
— Шумо маро намешиносед. Рафтем, ман ёрӣ медиҳам.
— Миннатдорам. Ба ҳазор даро, духтарам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё