Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
Мо роҳ пеш гирифтем. Вале писари пиразан ҳархаша кард. Ман аз ғур-ғури ӯ чизе нафаҳмидам.
— Духтарам, вай намехоҳад, ки аробаҷаро ту барӣ.
Модар аробаҷаро оҳиста ба пеш тела дод. Писараш таскин ёфт.
— Дарвоқеъ, ба ёдам расид. Магар ту ҳамон духтаре нестӣ, ки боре ранҷонда будам?
— Ман аз шумо заррае наранҷидаам.
— Ин хел бошад, нағз. Аммо на ҳама дили маро мефаҳмад.
— Чанд вақт наменамудед?
— Нотоб шудам. Ҷони одам сахт будааст. Намурдам. Агар дигар пиразани ҳамсоли ман ба ин касалӣ гирифтор мешуд, гумон буд, ки ба по хезад. Аммо ман намурдам.
— Шумо ҳоло бардамед, боз бисёр рӯз мебинед.
— Чӣ рӯз? Ин рӯз нест.
Абрувони каммӯи пиразан гиреҳ хӯрд.
— Ман бо дарду марг даст ба гиребон шудам. Фарзанди ягонаам маъюб ба дунё омад, вале ман то ҳастам, барои писарам талош мекунам.
Пиразан хомӯш шуд. Аз чашмонаш гӯё оташ меборид.
— Ту пир шудӣ, гуфта, — бо оҳанги пуртаАССУФ гап сар кард пиразан, — хостанд, ки писарамро ба хонаи маъюбон баранд. Розӣ нашудам. Ғайр аз ман ӯро дигар ҳеҷ кас сару сомон шуда наметавонад. То чашмам кушода аст, намегузорам, ки вай дастнигари дигар кас бошад.
Модару писарро то таги дарвозашон гусел кардам.
Имтиҳоноти зимистонӣ сар шуд. Баъд ба таътил баромадам. Аз деҳа баргаштаму чанд муддати дигар чашмам ба очаву бача наафтид. Акнун ки ҷои истиқомати онҳоро медонистам, хостам рафта хабар гирам. Дар ҳалқаи дари кӯча қулфи зангзадае овезон буд. Соате интизор шудам. Касе наомад. Аз пиразане, ки набераашро бозӣ медоронд, пурсидам:
— Соҳибони хона куҷо бошанд?
— Кампири Муҳаррам раҳматӣ шуд, — гуфт пиразан оҳ кашида.
— Кай?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё