Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Фарҳод ба рӯи ҳозирон нигоҳ накарда, якта-якта қадамзаннон ба тарафи хонаи боло, ба ҳамон хонае, ки мероси падару модари раҳматиаш буду бачагӣ ва навҷвонии се бародар дар ҳамин ҷо гузаштааст, мерафт. Ин рафтори Фарҳод Муродро ба худ овард.
— Ако.

Фарҳод наистод.
— Ако!
— Чӣ гап дорӣ? — Фарҳод ба Мурод рӯ овард.
— Куҷо меред?
— Куҷо мешуд?
— Охир...

Фарҳод наистод. Вай ҳар вақт, ки ба деҳа меояд, пеш аз он ки ба хонаи додаронаш дарояд, як сари қадам ба ҳамин хонаи ҳафтболор, ки айвончае ҳам дорад, мегузарад, ба току тоқҳои хона дергоҳ чашм медӯзад, ба девори коҳгилиаш даст мезанад. Аз ин ҷо гӯё нақши дастони падари гилкораш, тарҳи рӯи зебои модарашро дармеёбад. Аз падару модар чун нишона ақаллан сурате намондааст.

Вай ҳанӯз ба таги дар нарасида, Сайёд тозон омаду аз бозувони бародараш дошт.
— Ако, гардед, ин хона ороста нест. Ба хонаи ман дароед.
— Вай рост мегӯяд, ако. Он хона ҷои нишастан надорад. Ба хонаи мо ё ба хонаи Сайёд гардед, — нигоҳи Мурод ҳам илтиҷоомез буд.

Фарҳод ҳайрон шуд. Додаронаш аввалҳо-ку зиёрати хонаи кӯҳнаро манъ намекарданд, ҳатто хурсанд мешуданд, ки бародари шаҳриашон ҳар вақт ки ояд, пеш аз ҳама ёди хонаи кулӯҳдевори падар мекунад.

Якбора пасу пеш гову гӯсола ба маосзанӣ даромаданд. Фарҳод ларзида рафт. Овози ҷонварон аз кулбаи падару модар меомад.

Бародарон сар ҳам карданд. Фарҳод наметавонист худро ба даст гирад, ларзиши баданаш ҳар лаҳза меафзуд. Ҳис кард ки сараш чарх мезанад, пеши чашмонашро тумане мепӯшонад, нафасаш тангӣ мекунад. Гӯиё маҷоли роҳгардиаш намонд.

пешина
аз 120
навбатӣ