Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
-
Де-се ҳафта пештар. Бечора аз азоби дунё халос шуд. Аммо тамоми машаққати олам ба сараш фурӯ мерехт, ки тайёр буд ба хотири бачааш тоқат кунад.
-
Писараш куҷост?
-
Бурданд. Давлат мемонад, ки ӯ хор шавад...
Қафо гаштам. Ҳавои пурғубори аввали моҳи баҳман бӯи борон мекард. Шохаҳои урёни сада аз шиддати боди нохуш ҳаму рост мешуданд.
КУЛБАИ ПАДАРИ
Фарҳод таги дарвоза таваққуф кард. Аз ҳавли баланд-баланд дашномдиҳии ду кас шунида мешуд. Вай овози бародаронашро шинохт. Ҳангоматалабон Фарҳодро дида ва худро ба нофаҳмӣ зада, зуд роҳ пеш гирифтанд.
- Мегӯм, ҷавонӣ-дия. Набошад, бародарони ҳамхун ҳамин зайл гиребони якдигара медоштанд, - гуфт пирамарде, ки аз дарвоза мебаромад.
Фарҳод бо касе вохӯрдӣ накарда, худро ба ҳавлӣ андохт. Миёнаи ҳавлӣ лой хобонда буданд. Сайёду Мурод, дар ҳолате ки афту андомашонро аз чангу гард ва чарахсаҳои лой шинохтан душвор буд, аз гиребони якдигар медоштанд.
-
Ту фарзанди падар не, вагарна ин хел занакмизоҷ намешудӣ...
-
Забонатро дор, ки зада сиву ду дандонатро мерезонам! Ман занакмизоҷ ё ту ғуломи зан?! Хуни ту ҳаром аст, агар не, пойдевори бо маслиҳат чидаро ба тарафи ман ғечонда, замин намедуздидӣ!
-
Бас кунед! - Фарҳод аз ғояти ғазаб меларзид.
Муроду Сайёд якбора сӯи Фарҳод нигаристанд. Панҷаҳои оҳанин аз гиребонҳо ҷудо шуданд. Дами зану бачаҳои бародарон, ки ниқорталабона ба якдигар гапҳои пасту баланд мегуфтанд, ба дарун зад. Ҳавлӣ ором шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё