Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо ҳамин тавр бо машаққат калон шуданд. Кай дар дили онҳо фикри ҷоҳу молпарастӣ ҷо шуд? Кай ба рӯи якдигар медавидагӣ шуданд? Аввалҳо ин хел набуданд-ку. Хусусан Мурод, ки ҷонаш дар болои бародаронаш ҳафтларз буд, барои чӣ ба ин ҳолат афтод? Наход имрӯз аз барои ним метр замин гиребони якдигар гиранд? Ба рӯҳи рафтагон беэҳтиромӣ кунанд...

Аслан Фарҳод аз додаронаш барвақт хотирҷамъ шуда будааст. Хонаву дардор шуданд, бори зиндагӣ солорашон мекунад, акнун ман ҳам аз паи орзуву мақсади худ шавам, гӯён рафта буд, лекин... Ҳоло ҳам дер не. Меояд аз шаҳр, Кибриё ҳам ба ин маънӣ чанд бор гап кушода буд. Дар ҳамин ҷо ҳам корашро анҷом дода метавонад. Ҳа, меояд. Манзили падарашро обод мекунад.

  • Ако.
  • Ҳа.
  • Шаб аз нисф гузашт. Хезед, хоб кунем.
  • Не, Мурод. Ман ба роҳ мебароям.
  • Чӣ, оташгирӣ омадед, ки...
  • Тезтар равам, мегӯям. Бо янгаат маслиҳат кунем-чӣ, ачаб не, ки кӯч бандем.

Мурод ба бародараш нигоҳи дуру дарозе кард. Фарҳод аз нуқтаи номаълуме чашм намеканд.

ҲУСНИ МАРГ

Зани солхӯрдаи солоре аз хона баромад, бо оҳанги ғамолуд, вале ботааннӣ ба кадбону гуфт:

  • Чӣ илоҷ зиндагӣ ҳамин будааст. Худатонро ба даст гиреду аз пайи камбудиҳо шавед. Соатҳои бешумор мондааст. Сонӣ саросема мешавед. Охир, очаатон обрӯмандтарин фарди ин тактак ҳастанд. Маъракаашон калон мешавад.

Ҷавонзан оби дида мерезад, зоҳиран суханҳои отунбибӣ ба гӯшаш намедароянд. Вай аз одаму олам канда шудааст. Ҳар

пешина
аз 120
навбатӣ