Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
замон беҳудана "Водареғ! Во аҷали шумрӯй!" гуфта ба осмон назар мекунад. Кӯдак ҳам ҳамон сӯй чашм меандозад. Осмон каб-кабуд, на пораи абреву на чангу ғуборе. Лекин аз чашмони шаҳлои модар ашк шашқатор мерезад. Духтарак оҳиста аз ҷой хеста, хона медарояд.
Модаркалонро рӯйи бистари поку тамиз хобонидаанд. Рӯйкаши ҷоғаҳобаш барфсон чашмро мебарад, ҷилди болинаш ҳам. Рӯяшро каме ҷониби қибла гардонидаанд. Чашмони нимроғаш чизеро ифода намекунанд, вале лабони пурожангаш моили табассум. Ин манзара барои духтарча ноошно менамояд.
Охир, чанд рӯзак пеш бибӣ тамоман солим буд, бо пойи худ мегашт, ҳатто ба иню он кор даст ҳам мезад. Ба саволҳои беохири Нордона ҷавоб медод. Баъзан ба чашмони наберааш бодиққат назар карда мепурсид:
-
Донистани ин гапҳо ба ту чӣ лозим?
-
Охир, донистан мехоҳам, ман аввали аввал дар куҷо будам.
-
Дар куҷо мебудӣ? Ҳамту таваллуд нашуда будӣ.
-
Охир, пеш аз таваллуд шудан-чӣ?
-
Калон шавӣ, сонӣ мефаҳмӣ. Рав, бозӣ кун.
-
Бибиҷон, барои чӣ рӯйи шумо пажмурдаву пурожанг аст?
-
Чунки ман пир шудаам.
-
Ман ҳам ҳамин тавр пир мешавам?
-
Ҳо, илоҳо ба синну соли ман расӣ.
-
Не - эъ, ман ба синну шумо расидан намехоҳам.
-
Инту нагӯ, аз даҳонат шамол барад! Илоҳо, умри дароз бинӣ.
-
Охир ман кампираки пажмурда шудан намехоҳам. Мехоҳам, ки очам барин хушрӯяк бошам.
-
Очаат ҳам ягон рӯз ба пирӣ мерасад.
-
Агар очам пир шавад, шумо чӣ мешавед?
-
Чӣ мешуд. Фано мешавам, бачам.
-
Чӣ гуфтед? Фано мешавед?
-
Ҳо. Яъне маргам мерасад.
-
Бибиҷон, марг чӣ хел мерасад? Вай аз куҷо меояд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё