Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Мӯнис, маро шинохтед?
Бале, ин одам соҳиби ҳамон овозест, ки дар тилфун ҳарф зада буд.
— Ҳа.
— Фикр кунед, шояд ягон вақт ҳатто як назар дида бошед.
— Ҳа.
— Ин захм аз он шаб аст? – ҷавон ба лабам ишора кард.
— Шумо... шумо... – сару рӯям тафсид ва худро басе шарманда дидам. Чаро то ҳол фикр накардам ҳоли шахсе, ки ба муқобили шӯрапуштон размид, чун бошад? Худоё, ин ҷавони миёнқад, ки зоҳиран ҳеҷ қуввату ғайрате надорад, магар аз халоскорони ман аст? Агар ҳамин тур аст, ман наздаш чӣ хел сар бардорам, ки он лаҳза фурсатро ғанимат шуморида гурехтам ва то ҳанӯз ягон андеша аз ҷони вай накардам.
— Мӯнис, ҳолатон бад шуд?
— На... Он шаб ман шуморо надидам, онҳо ба назарам чор кас буданд.
— Бале.
— Шумо-чӣ?.. Ду нафар?
— ... – ӯ хандид.
— Чаро чизе намегӯед?
— Аққалан ду нафар мебудем, онҳо халос намехӯрданд.
Ман нобоварона ба чашмони ҷавон нигаристам. Оҳ, онҳо чунон зебоянд, ки... Ва аз он як ҷуфт чашмони шаҳло дастаи нуре мерехт, ки ман ҷасораташ хондам.

Неъмат, ту айбам макун, иқрор ҳастам, ки ҳамон лаҳза он дастаи нур синаамро шикофт ва тухми ишқ ба қалбам корид. Ман ҳис кардам, ки дигар ихтиёр аз даст додаам ва вуҷудам беҳол аст, наметавонам худро гирдӯ ғун кунам.
— Мӯнис, ҳамин чизҳоятонро расондан хостам, аммо дар коргоҳатон...
Ӯ қоғазпечро ба дастам дод. Мутаҳайир будам.
— Гиред, он шаб ин ҷо паҳну парешон буд, ҷамъ овардам, вале шумо набудед. Аз рӯи шаҳодатномаи коратон дарёфтам шуморо.
Дар қоғазпеч киф ва пойпӯшҳои ман буданд. Хиҷолатзада

пешина
аз 120
навбатӣ