Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
будам, вазъи онрӯзаи худро пеши назар меовардаму сар бардошта наметасонистам.
— Ба кор меравед?
— Ман дигар он ҷо кор намекунам.
— Чиро?
Даст афшондам ва гуфтам, ки ба хона рафтанӣ ҳастам.
— Иҷозат бидиҳед, то гусел кунам.
— Рӯзона аз кӣ метарсам? Шаб набошад, ки ... — ин суханҳо нӯкизабонӣ буданд, дар дил мегуфтам, ки кош фаросат кунад.
Ба ҳар ҳол аз рӯи хоҳиши дилам амал кард.
Ҳар субҳ ба ҷустуҷӯи кор мерафтам ва ҳар бегоҳ ду нон дар тӯрхалта ба хона меомадам, модарамро аз асли воқеа огоҳ кардан намехостам. Ҳеҷ гап не, каме сарсон шавам ҳам, ҷои дурусте меёбам ва боз об ба лаби ҷӯӣ баробар мегардад.
— Мӯнисҷон, корхонаатон маош намедиҳад? — оқибат пурсид модарам.
— Қариб дар ҳама ҷо аҳвол ҳамин аст, оча. Се-чор моҳ аст, ки рӯи пулро надидаанд.
— Ин чӣ рӯзест, ки ба сари мо афтод... На ба пиру дардмандон нафақапулӣ медиҳанд ва ба кормандон маоше. Ду рӯз инҷониб дилам ба хомшӯрбои тунд меравад...
Дилам фишурда шуд. Чӣ кунам, ки аққалан ҳамин хоҳиши ночизи модарро ба ҷо оварам. Беҳтараш ягон ҷиҳозеро ба бозор мебарорам.
Бевақт мешуд, аммо поям сӯи хонаамон пеш намерафт. Хаёлам, охирин шахсе, ки аз он ҷо мегузарад, харидори колои ман мегардад. Ман дар қатори кампирони кӯҳнафурӯши гӯшаи шаҳр рӯзро бегоҳ кардам. Ягон-ягон мардум ба кӯҳнаколаҳо харидор мешуданд, аммо ба моли банда-матои маҳмали хушгул, ки модарам ба рӯзи муроди ман бо нияти кӯрпаворӣ харида буд, касе таваҷҷӯҳ намекард.
— Чанд мефурӯшед?
Забонам ба қомам часпида, чизе ба ҳаҷми тухми мурғ беҳи гулӯям дармонд ва бо азобе ба оби дида мубаддал гашт. Сурати ҷавон пеши дидагонам хира метофт. Ман ба кӯдаке шабоҳат доштам, ки ҳини дуздӣ дар хотираи бегона ба даст уфтода бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё