Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
тани онҳо фақат вазифаи ихтисосмандӣ забоншинос нест, балки аз ҳар қаламкаш зарур аст. Албатта, ин ҷо байни дониши мутахассиси забоншинос ва ҳар як қаламкаш фарқе ва гоҳ фарқи калон хоҳад буд, вале натиҷаҳои тадқиқоти илмии олимон бояд зуд ба дастраси ҳамаи талабгорон гузошта шавад, то ки омиле дар баланд бурдани фарҳанги умум бошад. Аз ин ҷо зарурате пеш меояд, ки шохаҳои амалии илмии забоншиносӣ бояд бештар инкишоф ёбад ва натиҷаҳои тадқиқ ба тарзе ки ба ҳар донишҷӯйи тайёринок мафҳум бошад, баён гарданд. Вақти он аст, ки дар соҳаи забон ва фарҳанги сухан илму амал ба ҳам пайвандад. Ҷудоие, ки дар ин миён ҳаст, ҳар чӣ зудтар бартараф гардад, ҳам илм ва ҳам аҳли амал бештар суд хоҳанд бурд.
«ХИЗМАТ-РАСОНӣ»
Чанд гоҳ баъзе рафиқон ақидае доштанд, ки калимаи тозабаромади хизматрасонӣ калимаи сунъӣ ва нодурустест. Баъд маълум шуд, ки ин фикр асосе надоштааст, зеро дар забони мо таркиби хизмат расондан мавҷуд будааст (ҳарчанд ки кам истеъмол мешавад).
Чунончи, дар ин байти Ҳофиз:
Эй сабо, гар ба ҷавонони чаман бозрасӣ,
Хидмат аз мо бирасон сарву гулу райҳонро.
Ҳарчанд ки дар ин байт он ибора ба маънои маҷозии салом гуфтан омадааст, ба ҳар ҳол дар мавҷудияти таркиби хизмат расондан шубҳа намемонад.
Ғайр аз ин, дар баъзе лаҳҷаҳо иборае ҳам ҳаст, ки мегӯянд: «Ин хизмат аз мо расад», яъне ин хизматро ман адо хоҳам кард. Дар асоси ин ибора ҳам феъли «хизмат расондан» ва калимаи мураккаби «хизматрасонӣ» сохтан мумкин аст.
Ин аст, ки нисбат ба калимаи хизматрасонӣ эътирозе намемонад ва онро калимаи дуруст ҳисоб кардан лозим аст.
Дар айни замон ҳаминро ҳам аз ёд баровардан даркор нест, ки барои ифодаи ин мафҳум дар забони тоҷикӣ боз калимаи хизматгузорӣ ҳам мавҷуд аст, ки аз феъли хизмат гузордан омадааст. Инак Ҷомӣ мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё