Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Бигуфто: Рав сӯйи шаҳри ҷаҳондор,
Ҳақи хизматгузориро ба ҷой ор.

Ин калима дар забони адабии имрӯза ҳам зинда аст. Чунончи, С. Улуғзода гуфтааст: «Моро ду духтари басе хушрафтор ва хизматгузор истиқбол карданд».
Ба фикри мо, калимаи хизматгузорӣ сазовори ин аст, ки низ дар матбуот дар баробари хизматрасонӣ мавриди қабул қарор бигирад. Қабул шудани ин калима имконияти аҳли матбуотро зиёд мекунад ва то андозае боиси аз якрангӣ баромадани забони рӯзномаҳо ва радиою телевизион мешавад.
Дар омади гап ҳаминро ҳам гӯем, ки номи идораеро ин тавр навиштаанд: «Управленияи ба ҷо овардани хизмати маишӣ ба аҳолӣ». Ин ибора хеле дарозу вазнин буда, ба ном монанд нест. Онро ин тавр таҳрир кардан беҳтар буд: Идораи хизмати маишии аҳолӣ. Он гоҳ ба ҷойи ҳашт калима бо чор калима мақсадро ифода хоҳем кард.

«ХУД-ХИЗМАТ-РАСОН-Ӣ» ВА «ХУД-ТАНҚИД-КУН-Ӣ»

Пас аз пайдо шудани калимаи «хизматрасонӣ» аз таркиби «хизмат расондан» боз як калимаи дигар — калимаи мураккаби худхизматрасонӣ пайдо шуд. Калимаи «худхизматрасонӣ» чандон маъқул наомад ва аз пайдо шудани он чанд сол гузашта бошад ҳам, баъзе касон ҳанӯз ба он одат карда наметавонанд.
Аслан худхизматрасонӣ бояд безеб ва хунук нанамояд, зеро аз рӯйи қолиби мавҷудаи калимасозӣ, мувофиқи қолиби калимаҳои мураккаби худтанқидкунӣ, худмуайянкунӣ, худфошкунӣ, худмудофиакунӣ ва ғайра сохта шудааст. Ин калимаҳо аз солҳои сӣ дар забони тоҷикӣ мавҷуданд ва мо гӯё ба онҳо одат кардаем.
Лекин агар аз рӯйи инсоф гӯем, худтанқидкунӣ, худмуайянкунӣ ва хоказо низ чандон зебо нестанд. Ҳарчанд ки мо ин калимаҳоро чандин сол боз кор мефармоем, аз чӣ сабаб бошад, ки баъзан онҳо ба назари мо хеле вазнин ва дағалу менамоянд.
Ба фикри мо, ин ҳодиса сабаби ҷиддӣ дорад.
Дар забони адабиёти классикӣ ва гуфтугӯйи халқ

124

пешина
аз 393
навбатӣ