Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

назар, масалан, калимаи азназаргузаронӣ қобили қабул будагист.

Ба фикри Ш. Рустамов ҳам «азназаргузаронӣ»-ро қобили қабул донистан мумкин аст. Ӯ дар мақолаи мазкур бо эҳтиёт изҳори ақида кардааст, ки шояд азнавсозӣ ва азхудкунӣ низ қобили қабул бошад. Фикри мо ин аст, ки дар мавриди азнавсозӣ фурӯгузошти пешванд имконпазир мебошад, яъне онро навсозӣ гуфтан мумкин аст. Дар навиштаҳои солҳои охир навсозӣ, дигарсозӣ (ба ҷойи аздигарсозӣ) ва монанди инҳо гоҳ-гоҳ ба назар мерасад ва мо инро сазовори дастгирӣ мешуморем.

Аммо азхудкунӣ, ба фикри мо, ба шакли феъл — аз худ кардан истифода шавад, беҳтар аст.

«СЕОШЁНАДОР»

Дар матбуот чунин ҷумлаҳо бисёр дида мешаванд: «Хонаи 34-квартирадор ба истифода супурда шудааст»; «Сохтмони бинои сеошёнадор ба охир расид»; «Аз кафши чӯбини сепошнадори ӯ чашм наканда...» Ибораҳои «ракетаи бисёрзинадор», «зинаи даҳпилланок» ва ғайра низ вомехӯранд.

Дар ин ҷумлаю ибораҳо калимаи мураккаб нодуруст сохта шудааст. Дар ин мавридҳо -дор ва -нок зиёдатист. Қоидаи забони тоҷикӣ ин аст, ки одатан худи шумора ва исм ба якдигар часпида, сифати мураккабе ҳосил мекунад. Мисоли онро аз гуфтугӯ ва адабиёти классикию муосир бисёр ёфтан мумкин аст: деви ҳафтсар, дарвозаи дутабақа, қасри чилсутун, девори ҳафтпохса («худро ба девори сепохса расонид» — Айнӣ), хонаи пухболор, одами чорпаҳлӯ ва ғайра ва ҳоказо. Гоҳо ин калимаҳо пасванди «а», «й» («гӣ») қабул мекунанд: корди дудама, ҳуҷраи дуравоқа, девори дусинҷа, деги дугӯша, аробаи дучарха, хонаи даҳдарӣ ва дигарҳо.

Ба фикри мо, шакли дурусти ин калимаҳо ҳамин аст ва ба онҳо «-дор» ва «-нок» илова кардан лозим нест.

Он гоҳ ибораҳои болоро ин тавр таҳрир кардан даркор аст: «хонаи 34-квартира (ё «34-квартирагӣ»), «бинои сеошёна», «кафши сепошна», «мушаки сертабақа», (ё серзина), «зинаи даҳпилла».

Дар ин гуна калимаҳо илова кардани «-дор» ва «нок» дар забони баъзе нависандагони намоёни имрӯза

пешина
аз 393
навбатӣ