Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ва инак, боз як мавриди дигар, ки ба калима безарурат «-дор» илова мекунем. Ин мавридест, ки калимаи мураккаб бо сифати «нав» оғоз ёфтааст. Чунончи, ба ин тарз:
«Навоиладорҳоро дар квартира танҳо гузоштанд».
«Ба навоиладорҳо қолин туҳфа кунем».
«Ҳабиби навхонадор мева меафшонд».
«Одами навҳучрадор гуфт, ки...»
«Хаёл кард, ки ин хомӯшӣ нишони навхонадорист».
Дар ин калимаҳо ҳам асоси феъли «доштан» зиёдачист. Инро аз он ҷо мефаҳмем, ки дар забони мо калимаҳои навсавод, навдавлат, наврӯзгор, навкор, навшикор, навгул, навбар, навкиса, навсафар ва ғайра мавҷуданд ва таркиби онҳо фақат аз «нав» ва як исм иборат асту бас. Асрҳо боз ба ин калимаҳо асоси феъли «доштан» ё пасванди «-нок» илова нашуда буд ва ҳеҷ гоҳ «навсаводнок» ё «навдавлатдор» нагуфта буданд.
Пас чӣ зарурате пеш омад, ки имрӯз ба чунин калимаҳо «-дор» илова кардаанд? Ба назари мо, ин ҷо зарурате нест ва фақат ҳамон саргармии нораво бо асоси феъл, ки дар бобҳои гузашта бисёр дидем, сабаб шудаасту бас.
Бояд гуфт, ки дар забони адабии имрӯза ҳам ҳангоми чунин калимасозӣ худдорӣ аз «-дор» зиёд дида мешавад. Яке аз қаҳрамонони Ҷ. Икромӣ гуфтааст: «Кас ба келини навхона бисёр кор намефармояд». Чунонки мебинем, навхонадор нагуфтааст ва ин кораш дуруст аст. Дар як асари М. Хоҷаев чунин ҷумла ба назар мерасад: «Вай навҳомила буд». Ин ҷо ҳам сохти калима дуруст омадааст. Ҷумлае аз А. Баҳорӣ: «Барои наврӯзгорҳо як хонаи нав мепӯшем».
Чунин мисолҳоро аз дигар нависандагони имрӯза ва аҳли матбуот ҳам овардан мумкин буд, вале шояд ҳамин кофӣ бошад. Дар айни замон баъзе нависандагон, аз ҷумла баъзе аз онҳое, ки мо ҳоло ном бурдем, инчунин бисёре аз рӯзноманигорон гоҳ ин қоидаро риоя намекунанд. Дар натиҷа ду шакли чунин калимаҳо ба вуҷуд омадааст ва камина имони комил дорад, ки дувумӣ, яъне бо асоси феъл сохтани онҳо дуруст нест.
Аз ин рӯ, калимаҳоеро, ки дар ҷумлаҳои боло дидем, ин тавр ислоҳ кардан даркор буд: навоила, навхона, навҳучра, навхонагӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё