Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин гуна калимаҳо чунин сохта шудаанд, ки худашон мафҳуми «доштан»-ро дар бар доранд: навхона—касе, ки хонаи нав дорад, яъне нав хонадор шудааст; наврӯзгор—касе, ки нав рӯзгор дидааст; навсавод—касе, ки нав савод баровардааст ва ҳоказо. Ё ин ҷумлаи М. Бахтиро бинем: «Дар болои асп марди навсавор барин нишастааст». Марди навсавор касест, ки аспсавориро нав ёд гирифтааст. Ин маъни аз калимаи навсавор худ аз худ маълум аст ва барои ифодаи он ба калима ягон унсури дигар илова кардан лозим нест.

Лекин агар ғайр аз ин маъние, ки дар худи ин калимаҳо мавҷуд аст, боз маънии дигаре илова кардани шавем, он гоҳ асоси феълро ба чунин калима ҳамроҳ кардан лозим меояд. Чунончи, Сорбон гуфтааст: «Ҳамчунон ки ба кӯдакони навгулахӯр шир медода бошанд». Асли ин калима гулахӯр будааст. «Гулахӯр» кӯдаке будааст, ки ғайр аз шири модар аз дигар чизҳо ҳам хӯрдандро ёд гирифтааст, андак-андак чизҳои сабуки нағз мечашад, гӯё гул-гул мехӯрад. «Навгулахӯр» кӯдакест, ки гулахӯриро нав сар кардааст. Худи калимаи «навгула» мафҳуми хӯрданро ифода карда наметавонад, бино бар ин асоси феъли «хӯрдан»-ро ба он илова кардан лозим омадааст.

Ҳангоме ки барои равшан кардани ин масъала ба классикон рӯ овардем, аз Ҷомӣ калимаи навпорадӯз ба мушоҳида омад. Маънои он ямокгар ва қуроқдӯз будааст. Дар ин калима ҳам асоси феъл—«дӯз» илова гардидааст ва калима на аз ду, балкӣ аз се ҷузъ иборат аст. Дар ин мавриди ҳам зарурати илова кардани асоси феъл аз он ҷо сар задааст, ки худи навпора иҷрокунандаи корро ифода карда наметавонад ва барои ин ки иҷрокунандаи кор ифода шавад, илова намудани асоси феъл лозим омадааст:

Аз устод Айнӣ калимаҳои навдарсгӯй ва навдарсхон ба назар расид. Навдарсгӯй дар Луғати тоҷикӣ-русии М. Раҳимӣ ва Л. В. Успенская низ ҳаст. Асли ин калимаҳо навдарс аст. Навдарс донишҷӯест, ки нав дарс сар кардааст. Аммо муаллимеро, ки нав дарсгӯйӣ оғоз намудааст, навдарс намегӯянд. Бинобар ин устод Айнӣ барои муаллими навкор калимаи «навдарсгӯй»-ро сохтааст. Лекин, ба назари мо, барои сохтани калимаи навдарсхон эҳтиёҷ набуд. Зеро агар маънои ин калима касе, ки ба тозагӣ дарсхонӣ сар кардааст, бошад, пас ин маъно дар худи калимаи навдарс ҳаст ва барои зам на-

153

пешина
аз 393
навбатӣ