Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
бидонем, онҳоро комёбии бузурге дар роҳи фишурдагӯйӣ, муҷазбаёнӣ ва сухани равону сабук шуморем, агар баъзеи онҳо зоҳиран асоси феъл ё сифати феълие қабул карда метавониста бошанд, то зарурати махсусе пеш наояд, аз илова кардани он худдорӣ намоем. Фақат зоҳиран, дар назари аввал чунин менамояд, ки навободшуда, навшогирдгардида, навкамолёфта ва ғайра гуфтан мумкин аст ва айбе надорад. Не, дар мавридиҳои душворе ҳам илоҷе карда ин калимаҳоро аз сифати феълӣ ва асоси феъл озод кардан зарур аст.
То ин ҷо дар бораи калимаҳое сухан рондем, ки ҷузъи якумашон «нав» ва қисми дувумашон исм ё сифат аст: навхона, навкор ё навобод, навҷавон. Калимаҳое, ки ҷузъи якумашон «нав» мебошад, боз чанд навъи дигар доранд. Онҳоро ҳам аз назар гузаронидан лозим аст:
-
Гоҳ агар қисми якуми калима «нав» бошад, қисми дувуми он асоси замони гузаштаи феъл аст: кӯдаки навзод, гапи навбаромад, куртаи навдӯхт (яъне ба тарзи нав дӯхташуда), навомад, навовард, навкард, навхарид, навсохт, навбаст ва ғайра.
-
Гоҳ дар ҷузъи дувуми калима асоси замони ҳозираи феъл меояд: навомуз, наврас, навовар, навҷӯй, навангез, навхоҳ, навзой ва ҳоказо.
-
Баъзан ҷузъи дувум сифати феълӣ мебошад: наврасида, навруста, навшукуфта, навдамида, навзода...
Ин навъҳои калимаҳои «нав»-барсар камтар дучор меоянд. Бино бар ин ҳангоми истифодаи чунин навъҳо эҳтиёт шарт аст.
Ба фикри мо, дар ҷумлаҳои зайл ин навъҳо дуруст омадаанд. М. Хоҷаев: «Кӯдаки навзодро ба канор гирифт»; «Азобҳои давраи навзой дар пеш буд»; «Вибратор ба бетони наврехта меғутид». М. Бахтӣ: «Дар болои ҷоши навкӯфта ду кас гандум бод медод».
Аммо дар ҷумлаҳои зерин сифати феълӣ бемаврид омадааст:
«Дарахтони нав баргкушода».
«Трести нав ташкилшудаи Бешкентводстрой».
«Аз даруни канали нав кандашуда қадам заданд»..
Дар мисоли якум «дарахтони навбарг», дар мисоли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё