Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

мудани асоси феъли «хондан» эҳтиёҷе намемонад. Агар навдарсхон боз ягон маънои дигар дошта бошад, ки бидуни «хон» ифода намешавад, он гоҳ, албатта, ҷойи эрод намемонад.

Ба ин тариқ, ба сифатҳои мураккабе, ки аз «нав» ва як исм сохта шудаанд, ғайр аз асоси феъли доштан асоси баъзе феълҳои дигарро илова кардан мумкин аст ва он гоҳ таркиби калима сеҷузъӣ хоҳад буд: нав-исм-асоси феъл—нав-дарс-гӯй. Вақте ин гуна калимаҳо дар забони тоҷикӣ хеле каманд. Дар аксарияти кулли мавридҳо чунин калимаҳо бидуни асоси феъл омадаанд ва дуҷузъа мебошанд. Чунончи, аз Айнӣ: наварӯс, навбар, навдам, навзабон, навкиса, навниҳол, навхок, навэҷод, навҷанг ва ғайра.

Лекин дар «Луғатномаи осори С. Айнӣ» на фақат наварӯс, балки навкелиншуда, на танҳо навмусулмон, балки навмусулмоншуда низ дида шуд. Ба фикри мо, шуда дар таркиби ин калимаҳо зиёдатист, зеро маъниеро, ки худи навкелин ва навмусулмон ифода кардааст, боз як бори дигар ифода мекунад, аммо маънои наве ба калима ё тобиши тозае ба маънои он намебахшад.

Модомки забон дар роҳи тараққӣ ба дараҷае расид, ки калимаҳои хушрехте аз қабили навдомод, навҳосил, навобод, навзуҳур, навхатм, навкор, навриш ба вуҷуд омаданд, дигар эҳтиёҷе намемонад, ки онҳоро боз ба шакли навдомодшуда, навҳосилдода, навзуҳуркарда, навришбароварда ба кор барем. Шояд маҳз дар натиҷаи паси сар шудани шакли носуфтаи навдомодшуда, навҳосилдода ва ғайра шакли суфтаи навдомод, навҳосил ва амсоли ин пайдо шуда буд. Пас агар имрӯз боз ба шакли навдомодшуда ва ғайра багардем, ин кори мо чунин маъноӣ хоҳад дошт, ки аз як дастоварди муҳими халқ даст мекашем ва чанд қадам ба ақиб меравем.

Баҳром Фирӯз дар як повесташ чунин ҷумла дорад:
«Ӯ аз дасти кӯдаки навпояш гирифта меомад». Тасаввур кунед, ки агар нависанда ба ҷойи навпой навпойбароварда мегуфт, чӣ мешуд. Он гоҳ мо бовар ҳосил мекардем, ки нависанда сухани равону сабуку кӯтоҳ гуфта наметавонад. Навпойбароварда дар ин маврид аз пастии табъ гувоҳӣ медод, навпой нишонаи табъи баланд дар сухансанчист.

Ин аст, ки мо бояд қадри калимаҳои хушсохтеро монанди навобод, навзуҳур, навбаҳор, навгул, навниҳол,
навдарахт, навсафар, навҷавон, навшогирд, навкамол

пешина
аз 393
навбатӣ