Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҳол он ки аз ибораи халқии ҷомаи кор намуна гирифта, либоси кор ва хилъати кор гуфтан даркор буд.

Рабочая одежда ба тоҷикӣ либоси коргарӣ тарҷума шудааст. Ва ҳол он ки ин ҷо рабочая коргар нест, балки матлаб аз ин ибора боз ҳамон либоси кор аст. Бинобар ин ҳатто агар рабочая одежда номи мағоза бошад ҳам, мағозаи либоси кор тарҷума кардан даркор аст. Онро фурӯшгоҳи корҷома бигӯем, ё ки дар лавҳаи сари дар фақат корҷома бинависем, боз беҳтар аст.

Хусусан ибораи устохонаи корӣ сахт бемаънӣ афтодааст. Масалан, чунин ҷумлаҳо сохтаанд: «Рассом дар устохонаи кории худ нишастааст»; «Меҳмонон аз тамошои устохонаи корӣ мамнун буданд»; «Барои ӯ устохонаи нави корӣ бино карданд» ва ғайра. Бемаънигӣ дар он ҷост, ки модоме ки устохона гуфтем, худ аз худ маълум аст, ки ҷойи корро дар назар дорем. Пас ба кор тамоман эҳтиёҷ намемонад. Ба тоҷикӣ хонаи корро корхона ё коргоҳ мегӯянд. Ҳоло барои ифодаи ҷойи кори рассомон коргоҳ бештар истифода шуда истодааст ва инро дуруст шуморидан лозим аст. Ба фикри мо, ҳамаи ҷумлаҳои боло мавриди коргоҳ буд: «Рассом дар коргоҳи худ нишастааст» ва ғайра.

Ба ақидаи мо, дар мавридҳои зерин ҳам дар калимаи корӣ -й зиёдатист: рӯзи корӣ (То охири рӯзи корӣ банд ҳастам), вақти корӣ, кабинети корӣ.

Мо аз кӯдакӣ одат кардем, ки вақти кор ва ҷойи кор мегӯем. Пас чӣ зарурат пеш омад, ки имрӯз вақти корӣ, кабинети корӣ ё рӯзи корӣ гӯем? Ба фикрам, ягон зарурати махсус пеш наомадааст, фақат табъи баъзе қаламкашҳо аз сухани табиии муқаррарӣ дур шудааст.

Инро аз ибораҳои шӯриши сентябрӣ, революсияи апрелӣ, маҷлиси июнӣ, мулоқоти январӣ ва ғайра низ фаҳмидан мумкин аст. Мо дар ин мавридҳо ҳам -й-ро зиёдатӣ ҳисоб мекунем. Чаро? Зеро дар забони мо ҳафтод сол мафҳуми Революсияи Октябр ва революсияи феврал мавҷуд буд. Мо дар вақташ ин ибораҳоро аз ғайри илова кардани -й сохта будем ва имрӯз ҳам ба ҳамин шакл ба кор мебарем. Ин сохт тамоман дуруст аст ва онро тағйир набояд дод. Пас модомки имрӯз Инқилоби Октябр мегӯем, бояд инқилоби апрел, инқилоби сентябр ва ғайра гӯем.

Аз ин рӯ, ба ақидаи мо, ибораҳои болоро бояд ба ин шакли маъмулӣ дарорем: шӯриши сентябр, маҷлиси июн, пленуми июни соли 1983.

пешина
аз 393
навбатӣ