Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

Албатта, намунаҳои мавҷударо эҷодкорона истифода кардан даркор аст. Баъзе намунаҳои устувори забони умумихалқӣ ва забони адабии классикӣ ҳам гоҳ истисноҳо доранд. Чунончи, чунин қолибҳои устувор мавҷуданд: орди гандум, орди ҷав, нони гандум, нони ҷав.
Дар ин гуна ибораҳо гандум ва ҷав пасванди -ӣ намегирад. Лекин дар айни замон чунин сухани халқӣ ҳам ҳаст: Ё нони гандумӣ ё забони мардумӣ. Чунончи, мебинем, ин ҷо нони гандумӣ бо -ӣ омадааст. Инро шояд истисно донистан мумкин бошад: азбаски дар нимаи дувуми сухан ибораи забони мардумӣ омадааст, саҷъи сухан талаб мекунад, ки нони гандум ҳам нони гандумӣ гуфта шавад. Яъне аз рӯйи зарурат аз намунаи устувор андаке дур рафтан мумкин аст.

Инро дар калимасозию иборабандиҳои имрӯз ба назар гирифтан аз фоида холии нахоҳад буд. Аз ҷумла, чун номи маҷлисеро маҷлиси машваратии августии муаллимон гуфтан расм шудааст, қатъиян талаб кардан, ки инро ҳатман бояд маҷлиси августи муаллимон гӯем, эҳтимол зарурате надошта бошад. Ин ҷо ба истисно розӣ шудан мумкин будагист. Лекин чунин истисноҳо бояд бисёр нашаванд. Агар истисно бисёр шавад, рафтарафта аз қоида чизе намемонад ва истисно ҷойи қоидаро мегирад. Ва ҳол он ки беқоидагӣ фақат худсарӣ ва дулобӣ меорад.

Саргармӣ бо -ӣ ба номгузории маъмурӣ ҳам таъсир кардааст. Ба тоҷикӣ сифати сирф, сифате, ки вазифаи исмро иҷро карда наметавонад, одатан чун номи ҷуғрофӣ интихоб намегардад. Номҳои ҷуғрофӣ ба тоҷикӣ фақат аз исм ва сифатҳое, ки қобилияти исм шудан доранд, гирифта шудаанд. Пас он номгузории имрӯза, ки гоҳ сифати сирфро номи ноҳияе қарор медиҳем, ба қоидаи забони тоҷикӣ мувофиқ намеояд.

Яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе, маҳаллаи Намунавӣ номида шуд. Намунавӣ ҳам сифат
аст ва ба ин сабаб номи ҷой шуда наметавонад. Барои
он ки шакле муносиби номи ҷой дошта бошад, онро Намуна гуфтан лозим буд: маҳаллаи Намуна. Камина солҳои пеш аз ҷанги Олмон дар мактабе мехондам, ки онро
мактаби намуна меномиданд, на намунавӣ. Он гоҳ барои
ин ки намуна сифати мактаб шавад, бо пасванд ба сифат
табдил додани онро зарур надониста буданд, чунки дар
таркиби мактаби намуна калимаи намуна на фақат сифати

пешина
аз 393
навбатӣ