Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

мактаб, балки номи онро ҳам ифода мекунад. Ин тарзи номгузорӣ бояд имрӯз ҳам риоя шавад.

Сифати намунавӣ дар мавриди зерин ҳам тамоман нобаҷо истифода мегардад. Дар мақолаву китобҳое, ки ба ёрии муаллимон чоп мешаванд, инчунин ҳар сари чанд гоҳ дар рӯзномаҳо сарлавҳаҳое аз қабили «Плани намунавии дарс», «Нақшаи намунавии машғулиятҳо», «мавзӯъҳои намунавии лексияю маърӯзаҳо» ва ғайра ба назар мерасанд. Ин ибораҳо чӣ маъно доранд? Маънои плани намунавӣ ва нақшаи намунавӣ ин аст, ки плану нақша беҳтарин плану нақшаест, монанди он ки талабаи намунавӣ (беҳтараш талабаи намуна) аз ҷумлаи нағзтарин талабаҳост ва ӯро ба дигарон намунаи ибрат нишон медиҳанд. Пас наход ки тартибдиҳандагони он плани намунавӣ ва нақшаи намунавӣ кори худро, он чиро, ки худ тартиб додаанд, нағзтарин коре нағзтарин намунае ҳисоб мекунанд? Магар чунин сарлавҳа аз хоксорӣ дур нест? Оре, дур аст. Пас ин катта-тӣ аз куҷо пайдо шудааст? Зотан тартибдиҳандагони он плану нақша шояд худписанд набуванд, вале азбаски фикрро дуруст ифода ва ба маънои ҳар калимаю ибора диққат накардаанд, аз онҳо калонгирӣ зоҳир шудааст. Асли мақсади онҳо ин нест, ки плану нақшаи худро хубтарин чизе вонамуд кунанд, балки мехоҳанд, ки ба муаллимон ва сардорони машғулиятҳо фақат як намунаи план пешниҳод намоянд, то ки ҳар муаллиму сардор аз рӯйи ин намуна мувофиқи шароити худ нақшае тартиб диҳад. Модомки чунин аст, он сарлавҳаҳоро ба ин тарз тағийр додан даркор аст: намунаи нақшаи дарс, намунаи нақшаи машғулият, намунаи мавзӯи суханронӣ ва маърӯзаҳо. Дар ин сурат мақсад дуруст ифода мегардад.

Плани намунавӣ ва нақшаи намунавӣ аз ибораи русии примерный план гирифта шудааст. Мутахассисони мо ин ибораи русиро айнан, ҳарф ба ҳарф ба тоҷикӣ гардондаанд. Ва ҳол он ки примерный дар русӣ ду маъно дорад: 1. намуна, сазовори ибрат; 2. тахминӣ, тақрибӣ. Шубҳае нест, ки дар мавриди мазкур маънои дувум мувофиқ меояд. Яъне агар плани дарс примерный план номида шавад, нақшаи тахминӣ гуфтан аст ва гӯянда чунин нақшаро дар назар дорад, ки тахминан, барои намуна тартиб дода шудааст, то ки ҳар муаллим аз рӯйи он барои худ нақшаи зарурӣ созад. Баъзе аз равишшиносон (методистҳо) ва аҳли матбуот фарқи ҳамин

пешина
аз 393
навбатӣ