Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
25 сентнер ҳосил рӯёнданд» маънии дигар мешавад. Он гоҳ маънии ин мешавад, ки гӯё аз тамоми 200 гектар фақат 25 сентнер ҳосил рӯёндаанд. Барои ин ки чунин маънии ҳосил нашавад, зикри -й зарур аст. Ин -й вазифаи ҳамон ҳар-ро адо намуда, рақамро ба ҳар як гектар ҷудогона нисбат медиҳад.
Бино бар ин ҷумлаҳои зерин дуруст сохта шудаанд:
«Онҳо дирӯз то 100-килограммӣ пахта чиданд».
«Бригада барои расонидани ҳосили 50-сентнерӣ мубориза мекунад».
«Механизаторон аз аввали мавсим 100-тоннагӣ пахта ғундоштанд».
«Ин бригадаҳо ҳосилнокиро то 50-сентнерӣ расониданд». Ва ғайра.
Дар чунин мавридҳо фурӯгузошти -й мумкин нест ё матлуб нест.
Хуллас, аз он чӣ дар ин фасл омад, бояд равшан шуда бошад, ки истифодаи пасванди -й (ва вариантҳои он -гӣ, -вӣ) хеле эҳтиёт талабад. Яке аз нозукиҳои забони мо дар ҳамин ҷост ва аз худ кардани он бо диққаткории собитқадамона даст медиҳад.
«ДАВРАИ ҶАНГӢ»
Баъзан бо пасванди -й калимаҳои мураккабе месозанд, ки на танҳо аз ду-се калимаи сода иборат аст, балки дар таркибаш изофат ва пешоянд ҳам дорад: участкаи наздиҳавлигӣ, ноҳияҳои наздишаҳрӣ, адабиёти давраиҷангӣ, адабиёти баъдазҷангӣ, назми пешазинқилобӣ ва ҳоказо. Аксарияти ин калимаҳои дуқабатаю сеқабата хеле вазнинанд. Ҳусусан изофат ва пешоянде, ки дар миёначаҳои ин калимаҳо омадааст, ба онҳо намуди баде додааст.
Албатта, ин хели калимасозиро нодуруст ҳисоб кардан мумкин нест. Чунин калимаҳои мураккаб дар забони мо кайҳо боз мавҷуданд ва мо ҳам аз онҳо даст кашиданро тавсия намекунем. Мо фақат ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки ин гуна калимаҳоро танҳо бо зарурати махсусе (масалан, дар сурате, ки ҷумларо дигар хел сохтан мумкин нест) кор фармудан ҷоиз аст. Дар дигар мавридҳо пасвандро партофта, ҷузъҳои калимаи мураккабро аз якдигар ҷудо навиштан беҳтар аст. Он гоҳ ибора ва ҷумла сабуктар ва равонтар мегардад. Масалан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё