Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«қитъаи (ё замини) назди ҳавлии колхозчиён» (ё беҳтараш «рӯйдарича»), «ноҳияҳои наздики шаҳр», «адабиёти давраи ҷанг», «адабиёти баъд аз ҷанг», «назми пеш аз инқилоб» ва ғайра. Дар ҳақиқат, модомки «адабиёти давраи ҷанг» гуфтан мумкин будааст, чаро бояд ибораро гарон карда «адабиёти давраиҷангӣ» гӯем?
Агар ин ибораҳоро ба ҷумла дарорем, моҳияти масъала бештар равшан мешавад: «Дар роҳи байни шаҳрҳо истгоҳи автобус ташкил намоянд» (ба ҷойи роҳҳои байнишаҳрӣ); «Ба ноҳияҳои наздики шаҳр рафта кор мекунанд» (ба ҷойи ноҳияҳои наздишаҳрӣ); «Эҷодиёти Лоҳутӣ дар солҳои баъд аз ҷанг ҳам хеле пурмазмун аст» (ба ҷойи «эҷодиёти баъдазҷангии Лоҳутӣ»). Мо ақида дорем, ки ин ибораю ҷумлаҳо ба ин усул беҳтаранд.
Он ҳақиқат, ки дар аксари мавридҳо сохтани чунин калимаҳои мураккаб ҳеҷ зарурат надорад, аз ин ҷумла равшан мешавад:
«Барои сафари беруназшаҳрӣ ва беруназреспубликавӣ сари вақт билет харида гирад».
Дар ин маврид бо пасванди -ӣ сохтани калимаи мураккаб ҳаргиз лозим набуд. Чаро? Зеро, масалан, «сафари маскавӣ», «сафари ҳиндустонӣ» намегӯем, балки «сафари Маскав» ва «сафари Ҳиндустон» мегӯем. Пас чӣ зарурат пеш омад, ки «сафари беруназшаҳрӣ ва беруназреспубликавӣ» гуфтаанд? Не, зарурате набуд, фақат надонистани забон боиси ба вуҷуд омадани ин ду калимаи мураккаб гардидааст. Ин ҷо ҳатман «сафари берун аз шаҳр ва берун аз ҷумҳурӣ» гуфтан даркор буд.
Аз ин қиёс беҳтар аст, ки истилоҳоти омӯзгории «корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ» низ ба шакли корҳои берун аз синф ва берун аз мактаб ислоҳ шавад. Беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ калимаи мураккабе иборат аз чор ҷузъ аст: берун-аз-синф-ӣ, ки гарон ва номатлуб аст. Инро ба ибора табдил диҳем: берун аз синф, беҳтар аст, зеро ибора бори се-чор калимаро мебардорад, чанд калима ба ибора гаронӣ намеоварад.
«КӮҲӢ»
Калимаи «кӯҳӣ» дар забони тоҷикӣ дар мавридҳои муайяне бештар чун сифати ҳайвонот ва наботот ба кор меравад: гиёҳи кӯҳӣ, пиёзи кӯҳӣ, бузи кӯҳӣ, дарахти кӯҳӣ ва ғайра. Дар адабиёти классикӣ «кӯҳӣ» ба маънои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё