Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ин ибораи муродифиро ба ибораи изофӣ табдил додан, яъне ба шакли аслӣ гардондан мумкин нест. Модоме ки дар ибора чунин дигаргунии куллӣ ба амал омадааст, акнун онро боз ба шакли аслӣ гардондан даркор на-будагист. Шояд ин ҷо ҳам лозим аст, ки ба хатои ом тан диҳем, онро ба шакли хато қабул кунем.
Дар айни ҳол ҳангоми истифодаи чунин таъбирҳо, масалан, масту аласт ва ҳаққу ҳамсоя ҳамеша бояд дар назар дошт, ки асли он чӣ буд ва шояд ҳоло ҳам гоҳ ба шакли аслӣ ба кор бурдани он мумкин бошад. Агар мумкин бошад, ин имконро набояд аз даст ди-ҳем. Муносибати мо ба ҳар як падидаи забон бояд му-носибати огоҳона бошад ва моҳияти онро то беху ре-ша бояд муайян кунем. Қаламронии беогоҳӣ боиси ха-тоҳои фоҳиш хоҳад гашт. Инак як мисол. Нависанда гуфтааст:
«Танбеҳашро диҳанд, то ин ки китобро аз гӯшу ёдаш барорад».
Ба маънои ин сухани адиб диққат кунед: китобро аз ёд баровардан мумкин аст, вале китобро аз гӯш ба-ровардан чӣ тавр мешавад?! Аҷаб нависандаҳое пайдо шудаанд, ки маънои суханро фикр накарда қалам ме-ронанд. Шояд таъбири гӯшу ёд ҳам аз халқ гирифта шуда бошад. Дар ҳақиқат дар гуфтугӯ таъбири гӯшан хотир ҳаст. Чунончи, мегӯянд: «Ин гап аз гӯшаи хоти-рам ҳам нагузашта буд», яъне инро ҳаргиз фикр на-карда будам, ин гап ҳеҷ ба ёдам наомада буд. Пас мумкин аст, ки дар гуфтугӯ ибораи гӯшаи ёд низ чун муродифи гӯшаи хотир вуҷуд дошта бошад. Аз эҳти-мол дур нест, ки дар ҷумлаи боло гӯшу ёд аз ҳамин гӯшаи ёд омада бошад. Лекин бинед, ки деҳ куҷову дарахтон куҷо!
Дар ин маврид хатои омро ислоҳ кардан осон буд. Вале ноогоҳии нависанда, дурусттар он ки бедиққатӣ-ву беэҳтиётии ӯ имкон надодааст, ки онро ислоҳ кунад. Мо ақида дорем, ки он ҷо, ки имкон ҳаст, хатои ом бояд ислоҳ шавад.
Ин хатоҳоро ба чанд тарз ислоҳ кардан мумкин аст. Яке аз ин тарзҳо он аст, ки агар таъбир ду сурат дошта, яке дуруст ва дигаре нодуруст бошад, бояд сурати дуруст қабул шавад. Мисоли инро дар боло аз таъбирҳои пойи пиёда, пою пиёда ва ба пойи пиёда дидем. Модомки пойи пиёда ва ба пойи пиёда гуфтан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё