Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар адабиёти классикӣ ва дар гуфтугӯ баъзе ибораҳои изофӣ ҳастанд, ки баъд аз изофат аз пешоянд сар шуда, бо сифат (ё исм) тамом мешаванд: фарзанди ба ҷон баробар, балки аз ҷон азизтар, дӯсти аз чашм дуру ба дил наздик. Ин навъи иборасозӣ дар забони адабиёти классикӣ ранги қоидаи умумиро нагирифта, бино бар ин интишор наёфта буд ва хеле кам дида мешавад. Вале ба ҳар ҳол онро аз асарҳои классикон ёфтан мумкин аст:

Лекаш ин шеваи аз сидқ тиҳӣ
Надиҳад баҳра ба ҷуз дилсияҳӣ.
Ҷомӣ

То ки хаффоши аз басорат дур
Кунад аз соя истифозати нур.
Ҷомӣ

Дар ин ҷумла низ муайянкунандае, ки бо пешоянд сар шудааст, дида мешавад:
Аспи аз қисми сайюм аз шасту панҷ то ҳафтод танга («Таърихи Фаришта»).
Шакли дигари ин гуна муайянкунандаҳо дар забони классикӣ ин буд, ки сифат пас аз исму изофат меомад ва пас аз он қисми пешоянддори ибора зикр мешуд. Яъне, масалан, ибораҳои он ду байти Ҷомиро интарз тағйир додан мумкин буд: шеваи тиҳӣ аз сидқ ё ҳаффоши дур аз басорат.
Вале ин шакли ибора гӯё дар гуфтугӯйи мардуми Осиёи Миёна дар асрҳои охир аз истеъмол баромада буд ё кам ба назар мерасид. Дар гуфтугӯйи тоҷикони асрҳои охир қолиби асосии қолиби фарзанди ба ҷон баробар буд. Бино бар ин пас аз инқилоби соли 1917 ҳамин қолиб дар забони адабии тоҷикӣ хеле интишор ёфт.
Ин ҷо ҳамин чизро ба назар гирифтан лозим аст, ки дар ибораи «фарзанди ба ҷон баробар» пешояндро ба изофат бадал карда, фарзанди баробари ҷон гуфтан мумкин бошад ҳам, дар ибораи фарзанди аз ҷон азизтар ё Дӯсти аз чашм дур изофат ҷойи пешояндро гирифта намегавонад, ин ибораҳоро ба ибораи изофии бепешоянд табдил додан мумкин нест. Дар асарҳои устод Айнӣ ҳам аксарияти ин хел ибораҳо чунонанд, ки пешоянди онҳоро ба изофат иваз кардан имкон надорад: гандумгуни ба сафед моил, қомати аз миёна баландтар, муболиғаи аз ақл берун, қувваи ба

пешина
аз 393
навбатӣ