Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

назар нонамоён, талабҳои аз имкон берун, як одами аз сӣ боло, нархи аз ин ҳам арзонтар ва хоказо.

Ба фикри мо, ин яке аз шартҳои муҳими ин тарзи иборасозист. Аммо дар матбуоти имрӯза ибораҳое вомехӯранд, ки дар онҳо ҳамин шарти муҳим риоя нашудааст, яъне пешоянди онҳоро ба осонӣ бо изофат иваз кардан мумкин аст. Ибораҳои «ҳамсояи ба мо «дӯст» ва «стансияи дар ҷаҳон калонтарин» аз ҳамин қабиланд. Ғайр аз ин, масалан, ибораи одами ба мо азиз-ро одами азизи мо (беҳтараш: бародари... ё рафиқи... ва ё дӯсти азиз ва ғайра), чизҳои ба ӯ зарур-ро чизҳои зарурии ӯ, ҳуҷҷатҳои ба ман даркор-ро ҳуҷҷатҳои даркории ман гуфтан мумкин ва ба фикри мо, дурусттар аст. Азбаски агар пешоянди ин ибораҳоро аз байн бардорем, ибораи сабуктар ва равонтар ба даст меояд, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ифодаи ин мазмунҳо аслан қолиби ибораи «фарзанди ба ҷон баробар»-ро талаб намекунад ва бино бар ин онҳоро ба ин қолиб надаровардан беҳтар аст.

Баъзе ибораҳо ҳастанд, ки онҳоро ба ду шакл — ҳам бо пешоянд ва ҳам бе пешоянд сохтан мумкин аст. Чунончӣ, ҳам фарзанди ба ҷон баробар ва ҳам фарзанди баробари ҷон, ҳам ақидаҳои ба ҳам зид ва ҳам ақидаҳои зидди ҳам гуфтан ҷоиз аст. Аз чӣ сабаб бошад, ки дар матбуоти имрӯза фақат шакли якуми ин ибораҳо, яъне шакли пешояндноки онҳо маъмул шудааст ва шакли дувум, ки сабуктар аст, фаромӯш гардидааст.

Аз донишмандони номӯени соҳаи фарҳанги сухан забоншиноси маъруфи мо Раззоқ Ғаффоров ба ин масъалаҳо муфассалан таваққуф карда, ба андешаҳои муаллифи ин сатрҳо эрод гирифта буд. Вай дар бораи он ақидаи мо, ки гуфтем: ибораҳои ҳамсояи ба мо дӯст, стансияи дар дунё калонтарин, одами ба мо азиз бояд бе пешоянд тартиб дода мешуд, чунки ин ҷо мавриди қолиби ибораи халқию классикии фарзанди ба ҷон баробар нест, чунин гуфтааст: «ин таклиф аз рӯйи риояи назокати сухан як андоза дуруст бошад ҳам, ба қоидаи грамматика чандон мувофиқ нест».1

1 Ғаффоров Р. Дар боби ҳусни сухан. «Садои Шарқ», 1969. № 5, саҳ. 124.

пешина
аз 393
навбатӣ