Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
устодони сухан дучор мешаванд, бо муродифҳои худ баробар кор фармуда шудани онҳо боке надорад. Ин ҳам монандӣ он аст, ки дар ифодаи як маъно мо баъзе ибораҳоро гоҳ дар шакли ибораҳои номӣ ва гоҳ дар шакли ибораҳои феълӣ истифода мебарем.
Албатта, ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки шаклу воситаҳои муродиф баробарҳуқуқанд ва ҳар соҳибқалам кадоми онҳоро хоҳад, истифода мекунад. Аз ин ҷиҳат ҳар каламкаш комилҳуқуқ аст, вале фақат ба шарти мавридшиносӣ. Ду калима муродифи якдигар бошад, дар ҳамаи мавридҳо ҳар дуи онҳоро ба ҷойи якдигар кор фармудан мумкин нест, балки дар як маврид яке ва дар мавриди дигар дигареро ба кор бурдан лозим меояд. Интихоби яке аз муродифҳо ҳамеша сабабҳои ҷиддии услубӣ дорад ва онро инкори ҳуқуқи муродифи дигар донистан мумкин нест.
Агар аз устод Айнӣ як ё ду-се ибора ёфт шуда бошад, ки онро чи бо пешоянд ва чи бе пешоянд тартиб додан мумкин аст, инро ба он маъно фаҳмидан лозим нест, ки ҳамаи чунин ибораҳо ду шакл доранд ва ба кадом шакл, ки хоҳем, кор фармудан мегирем. Ибораи шахси ба худ наздик, ки аз устод Айнӣ оварда шудааст, дар ҳақиқат чунон аст, ки онро бе пешоянд ҳам гуфтан мумкин аст: шахси наздики худ. Лекин мо дар боло аз устод чандин ибора овардем, ки онҳоро фақат ба як шакл, фақат бо пешоянд адо кардан мумкин аст: гандумгуни ба сафед моил, қомати аз миёна баландтар, муболиғаи аз ақл берун, қувваи ба назар нонамоён, талабҳои аз имкон берун, як одами аз сӣ боло. Ба андак мулоҳиза равшан мегардад, ки ин маъниҳоро фақат ба ҳамин тарз адо кардан даркор аст, на ба шакли дигаре. Ин ибораҳо муродифи бепешоянд надоранд. Мо ба таъкид гуфтан мехоҳем, ки фақат ҳамин маврид мавриди ибораи изофии пешоянднок аст. На ҳар вақт ки хоҳем, балки фақат дар чунин мавридҳо суханро ба қолиби ибораи изофии пешоянднок рехтан мумкин аст. Ҳам бо пешоянд ва ҳам бе пешоянд омадани чунин ибораҳо ками дар кам дида мешавад ва онро қоидаи асосӣ не, балки истиснои қоида ё варианти дуюмдараҷаи он донистан мумкин аст.
Фарзанди ба ҷон баробар ва стансияи дар дунё калонтарин фақат зоҳиран баробарҳуқуқанд, танҳо ба зоҳир аз рӯйи як қоида сохта шудаанд. Дар ҳақиқат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё