Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
дувумӣ аз рӯйи беқоидагӣ ба миён омадааст ва натиҷаи дуруст ифода карда натавонистани фикр аст. Стансияи дар Дунё калонтарин монанди касест, ки пӯшоки каси дигареро дар бар кардааст ва то муносиби худ либосе ёфта напӯшад, ба назарҳо бад менамояд. Агар мо талабе пеш гузорем, ки ҳар кас муносиби ҳоли худ либос пӯшад, ин кори мо ҳаргиз чунин маънӣ нахоҳад дошт, ки ҳуқуқи ӯро поймол ё имкониятҳои мардумро маҳдуд карда истодаем. Не, мо фақат мавқеъшиносиву таомулдонӣ талаб мекунем.
Ин аст, ки фақат дар мавриди зарурӣ бояд фикр ба қолиби ибораи изофии пешоянднок рехта шавад. Агар ин шартро ба назар нагирем, миёни ибораи сабуки равон ва ибораи носуфтаи гарон фарқ намемонад. Албатта, гоҳ бо баъзе сабабҳо, масалан, ба мақсади ин ки матлабро дақиқтар баён кунем, маҷбур мешавем, ки шакли равонтару сабуктари суханро монда, ба шакли носуфтатару вазнинтаре бартарӣ диҳем. Ин маҷбурият ҳангоми қаламронии ҳар кас пеш меояд. Инро нишонаи мавридиносисӣ ба шумор овардан мумкин нест. Лекин дар матбуоти имрӯза на фақат адади ибораҳои изофии пешоянднок торафт меафзояд, балки аксаран ба чӣ зарурат маҳз бо пешоянд сохта шудани онҳо ҳеҷ маълум нест. Аксари онҳо фақат ба зоҳир хилофи қоидаи грамматика намебошанд, вале моҳиятан дар натиҷаи вайрон шудани дастури забон ба вуҷуд омадаанд: қаламкаш онҳоро на ба он қолиб, ки лозим буд, рехтааст, яъне дар интихоби қолиб саҳв кардааст. Инак, боз чанд мисол:
«Ин корро ШМА ва мамлакатҳои ба онҳо иттифоқчӣ карданд»; «Дар маркази ин ҷумҳурӣ қӯшунҳои ба ин ҷумҳурӣ душман истодаанд»; «Планҳои барпо намудани қувваҳои бисёртарафаи бо яроқи ядрой мусаллаҳи НАТО»; «Ягона сиёсати дар айёми мо реалистии сулҳҷӯйӣ ва ҳамкории осоиштаро ба амал мегузаронад» ва ғайра.
Шакли дурусти ин ибораҳо, чунонки гуфта шуд, ҳамоно бепешоянд тартиб додани онҳост, яъне онҳоро ин тавр таҳрир кардан беҳтар буд: мамлакатҳои иттифоқчии онҳо, қӯшунҳои душмани ин ҷумҳурӣ, ягона сиёсати воқеъбинонаи айёми мо — сиёсати сулҳҷӯйӣ ва ҳамкории осоиштаро амалӣ мекунад, нақшаҳои барпо намудани қувваҳои чандҷонибаи НАТО, ки бо силоҳи ҳастаӣ мусаллаҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё