Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ин ҷо низ буда зиёдатист. Худи суст маънии матлубро ифода мекунад. Бо илова шудани буда сухан поя бар гуфтугӯйи омиёна гузоштааст. Агар дар сурудаҳои устод Рӯдакӣ ё ҳамзамонони ӯ ва ё дар садаҳои баъд сифати феълии буда дар таркиби муайянкунанда чанд бор ба кор омода бошад ҳам, метавонем онро чизе маъмулӣ ва қабулшуда аз тарафи умум бидонем. Шояд хеле камистеъмол буд ва аҳён-аҳён ба кор рафтааст. Истифода шудани он дар як байти Рӯдакӣ ва шояд дар осори дигарон низ, аз ҷумла дар навиштаҳои устод Айнӣ, чунин маъни надорад, ки ин ғакл дар забони адабии имрӯз бояд комилҳуқуқ дониста шавад. Шояд ҳамин байти Рӯдакӣ ё як асари бузургвори дигаре устод Айниро далерӣ бахшида бошад, ки гоҳ бо буда муайянкунанда месозад. Ҳарчанд муайянкунандаи бо буда дар адабиёт аз Рӯдакӣ то Айнӣ вуҷуд доштааст, бояд эътироф бикунем, ки хилофи ҳусни сухан аст ва корбурди онро чун сактаи малеҳ ба устодон вогузорем, ки дар суханофарӣ ихтиёр доранд, вале агар мо қаламкашҳои одӣ аз он худдорӣ наварзем, ба сактаи қабеҳ одат мекунем ва он чӣ хилофи ҳусни сухан аст, ба забон зиёд роҳ меёбад ва забонро хароб мекунад. Агар онро Рӯдакӣ ва Айнӣ каме ба кор гирифтаанд, забон хароб нашуд ва намешавад, аммо аз истифодаи ҳамагонии мо эҳтимоли хароб шудани забон пеш меояд.
Инро ҳам фаромӯш кардан лозим нест, ки чунин сифати феълӣ, ки бо буда сохта шудааст, имрӯз дар форсии Эрон ва дарии Афғонистон дида намешавад. Ин ҳол тасодуф набудагист. Ба назари мо, ин боз як бор гувоҳӣ медиҳад, ки муайянкунандаи дорои буда дар навиштаҳои имрӯзаи мо дар натиҷаи фаромӯш шудани қонунҳои сахти мантиқи сухан, дар натиҷаи беэҳтиётӣ ва хӯ гирифтан ба сухани одии дурушт ривоҷ ёфта истодааст.
Ин хулосаи якуми мо аз баҳси оид ба ибораи дорои сифати феълӣ мебошад.
Бояд таъкид кард, ки на фақат он ибораҳои дорои сифати феълии пешоянднок ва бепешоянд, ки бо буда омадаанд, балки бисёре аз чунин ибораҳое, ки аз дигар феълҳо сохта шудаанд, низ ба навиштаҳои мо безарурат дохил шуда истодаанд. Чунончи:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё