Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Вай ягон гапи дар қишлоқ шударо пинҳон надошта буд.
Ба фикри мо, дар ин ҷо ҳам нависанда шакли дурусти суханро наёфтааст. Ин матлабро низ аз ғайри сифати феълӣ ифода кардан даркор буд: «Вай ягон гапи қишлоқро пинҳон накарда буд». Барои ин ки зарурати ин ислоҳ маълум шавад, як сухани машҳури халқиро ба ёд овардан даркор аст, ки мегӯянд: «Гапи хона ба бозор рост намеояд». Агар ин зарбулмасал вуҷуд намедошт ва маънои онро ифода кардани ягон қаламкаши имрӯза лозим меомад, ҳатман мегуфт: «Гапи дар хона гуфташуда дар бозор дуруст намебарояд».
Ин тарзи суханронӣ ҳоло расм шудааст ва аз шаклҳои табиъиву аслии халқӣ дур рафтани тафаккури моро нишон медиҳад. Инро ҳодисаи мусбат донистан мумкин нест. Дар сухан риоя кардани шаклҳои аслии халқӣ ва классикӣ яке аз шартҳои асосии фарҳанги шахс, ба вежа қаламкашҳост.
Мисоли дигар. Қаҳрамони як нависанда гуфтааст: «Воқиаи шударо баён кардам».
Дар ин ҷо ҳам сухан аз шакли халқӣ дур аст. Агар воқиаи шудагӣ мегуфт, сухан ба шакле, ки дар забони умумихалқӣ расм шудааст, мувофиқ меомад. Шудагӣ ҳам сифати феълӣ мебошад. Сифати феълӣ бо -гӣ дар гуфтугӯ аз шаклҳои машҳуру маъмул аст. Азбаски ҷумлаи боло дар муколама, дар сухани қаҳрамон омадааст, ба шакли гуфтугӯии наздик шудани ибора матлуб аст. Лекин агар ин суханро ба қолиби халқии классикӣ рехтан хоҳем, бояд сифати феълиро фурӯгузор кунем ва гӯем: «Воқиаро баён кардам». Ҷумла дар ин шакл, яъне бе сифати феълӣ ранги маъмулӣ мегирад.
Аз ин қиёс ба ҷумлаи зерин диққат ҷалб мекунем, ки низ муколама аст; «Ман ҳукми баровардаамро бекор кардам».
Сифати феълие, ки -гӣ надорад, дар гуфтугӯи ками дар кам дида мешавад. Аз ҳамин сабаб ин ҷо ҳам сифати феълиро ба шакли халқии он даровардан беҳтар буд; «ҳукми баровардагиамро бекор кардам». Аммо тамоман фурӯгузор шудани сифати феълӣ боз беҳтар аст: «ҳукмамро бекор кардам». Аз ин шакли ҷумла ҳам худ ба худ маълум аст, ки гӯянда ҳукме баровардааст ва акнун онро бекор мекунад. Аз ин рӯ, ба сифати феълӣ ва таъкид ҳоҷат нест.
Акнун ҷумлаи поинро бинем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё