Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

«Ин ҳикоя воқеаҳои дар байни панҷ сол рӯйдодаро дар бар мегирад».

Ба фикри мо, дар ин ҷо ҳам ба ибораи сифати феълӣ эҳтиёҷ набуд. Агар гӯем, ки «ин ҳикоя воқеаҳои панҷ солро дар бар мегирад», сухан ба шакли одатӣ медарояд.

Ибораи дорои сифати феълӣ ҷумларо вазнин мекунад ва аз равонӣ маҳрум месозад. Ҳатто дар ҷумлаи хурд ҳам аз сифати феълӣ гаронӣ меояд. Ин гаронӣ аз ду чиз ҳосил мешавад: 1) пешоянде, ки баъди изофат омадааст, ба сухан сакта меорад; 2) хусусан феъли охири ибора бори вазнине дорад, ки ба охири ҷумла муносиб аст, аммо дар миёнаи ҷумла ва охири ибора гаронӣ мекунад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ба ҳар ҳол бо сабабҳои ҷиддӣ ин тарзи иборасозӣ дар забони классикӣ ва гуфтугӯ ривоҷ наёфта буд. Имрӯз аз ҳад
зиёд ривоҷ ёфтани он аксаран боиси аз ҳолати табиӣ берун шудани сухан мегардад.

Хусусан паси ҳам омадани чанд сифати феълӣ боиси якрангии сухан шуда истодааст. Чунончи:

«Киштии американ ба базаи дар бандари Наҳа будаи Америка дохил шуд. Газетаҳои дар ин бора хабардодаи Окинава тахмин мекунанд, ки...»

Ба фикри мо, ин ҷумлаҳо равон ва суфта нестанд ва онҳоро дигар хел сохтан лозим буд. Масалан, ин тавр:
«Киштии Америка ба пойгоҳи американ бандари Наҳа даромад. Он рӯзномаҳои Окинава, ки дар ин бора хабар додаанд, тахмин мекунанд, ки...». Банди бар инам, ки дар ин сурат ибора ва ҷумла аз қолаби русӣ баромада, ба қолаби тоҷикӣ медарояд.

Ба назари мо, дар бисёр мавридҳо ҷумлаи пайрав беҳтар аз ибораи сифати феълист. Чаро «рӯзномаҳое, ки дар ин бора хабар додаанд» беҳтар аз «рӯзномаҳое дар ин бора хабардода» мебошад? Чаро ки дар ҷумлаи пайрав феъл дар ҳолати табиии худ - ба шакли хабар омадааст, аммо дар ибора ба ҳар ҳол ба шакли дигар - ба шакли сифат даромадааст. Шояд ин ҷо сабабҳои дигари муҳимтар низ дар миён бошад. Муайян кардани ин сабабҳо аз ҷумлаи вазифаҳои якумдараҷаи услубшиносон ба назар мерасад.

Бо вуҷуди он ки сабабҳои ин ҳодиса ҳанӯз чандон
равшан нест, мо ақида дорем, ки ба тарзҳои гуногун
як андоза худдорӣ кардан аз ибораи сифати феълӣ

пешина
аз 393
навбатӣ