Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бисёр такрор мекунанд, вале бемантиқии сифати феълии онро пай намебаранд. Онҳо мегӯянд:
«Мо мактубҳои навиштаи шуморо варақ мезанем».
Агар аз мактубҳои нонавишта, яъне аз мактубҳое, ки навиштан мехостанду ба сабабе нанавиштаанд, сухан кардан лозим меомад, таъкиди нонавишта зарурат пайдо менамуд. Вале ҳоло ки мактубҳо навишта шудаанд, ба таъкиди навишта эҳтиёҷ намемонад.
Дар ҳамаи мисолҳои боло муайянкунанда (сифат, сифати феълӣ) аз он сабаб ҳеҷ даркор нест, ки гапи маълумро, гаперо, ки худамон бе ин ҳам медонем, ифода менамояд (модомки мактуб гуфтем, худ ба худ маълум аст, ки навишта шудааст), ягон маълумоти нав илова намекунад. Муайянкунанда одатан кас ё чизро аз ягон ҷиҳат муайян мекунад, яъне, масалан, ягон сифати номаълуми онро равшан месозад. Аммо дар ҷумлаҳои боло муайянкунанда (сифати феълӣ) чунин вазифа надорад, ягон хусусияти номаълуми чизро маълум намекунад, балки фақат бозгӯии чизи маълум аст. Бино бар ин зикри он зарурате надорад. Агар, масалан, мактубҳои дирӯз навиштаи шумо ё мактубҳои бо ҳаяҷон навиштаи шумо мегуфтем, он гоҳ сифати феълӣ дар ҳақиқат муайянкунанда мебуд, чаро ки маълумоти наверо дар бар мегирифт, вақти навишта шудани мактубҳо ё чигунагии онҳоро равшан менамуд ва аз ин рӯ зарурате пайдо мекард. Аммо дар ибораи мактубҳои навиштаи шумо, саволҳои додаи онҳо, маслиҳати гуфтаи ту ва ғайра, инчунин асарҳои эҷодкардаи ӯ, маҷлиси шудагузашта, ҳукми баровардаи ман ва ҳоказо чунин маълумоти зарурӣ нест, аммо маълумоти нодаркор ҳаст, ишорае ҳаст, ки бе ин ҳам маълум буд. Ин муайянкунандаҳо фақат дар сурате зарурат пайдо мекунанд, ки дар таркибашон баъзе калимаҳои дигареро низ фаро гиранд ва бо ин калимаҳо исми худро аз ягон ҷиҳат муайян кунанд. Чунончӣ, асарҳои ба тозагӣ эҷодкардаи ӯ, маҷлиси дар зарфи се рӯз шудагузашта, ҳукми бо ҳама қатъият баровардаи ман ва монандӣ инҳо маънӣ дорад. Дар ин сурат борӣ маънии муайянкунанда ба сари ҷузъи иловагӣ, ба гардани ба тозагӣ, дар зарфи се рӯз, бо ҳама қатъият меафтад. Он гоҳ ба хотири ҳамин унсурҳои маъникаш худи сифат (сифати феълӣ) ҳам зарурат пайдо мекунад. Вагарна дар чунин ибораҳо сифати феълӣ ҳаргиз даркор нест.

пешина
аз 393
навбатӣ