Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин ҷо хулосаи севум ҳосил мешавад: сифати феълӣ монандӣ ҳар як муайянкунанда фақат дар сурате, ки барои аз ягон ҷиҳат равшан шудани хусусиятҳои исме аҳамият дорад, зарурат пайдо мекунад ва дар дигар мавридҳо мисли ангушти зиёдатист, сардӯшии нодаркор аст.

4

Ҳоло мегузарем ба як навъи дигари ибораҳои дорои сифати феълӣ, ки низ хулосаҳои моро бояд қувват диҳад.

Ба фикри мо, сифати феълӣ дар ҷумлаи поин ҳам ба ниҳояти дараҷа беҷо омадааст:

«Ба қуттичаи пластмассаи обдошта тир парондем».

Оё мо нондони нондошта ё нондони ноннадошта мегӯем? Не, нондони ноннок ё нондони бенон мегӯем. Пас чаро тарҷумон қуттии обдошта гуфтааст? Сабабаш фақат ҳамин аст, ки чӣ тавр адо кардани матлабро намедонад. Агар медонист, масалан, қуттии пластмассагии обнок мегуфт.

Ё ки ин ҷумлаи обдорро бинед:

«Кулчаи туршии камдошта барои беморони меъдаю рӯда тавсия карда мешавад».

Ин ҷумла сухани як бесавод аст. Аввал ин ки ба ҷойи кулчаи туршии камдошта кулчаи камтуршӣ гуфтан даркор буд. Шояд ба сабаби он ки сохтани сифати мураккаби камтуршӣ душворӣ кардааст, муаллиф ба роҳи осон, вале нодуруст рафта, сифати феълии туршии камдошта-ро ба қалам додааст. Яъне боз ҳам сифати феълӣ нишони оҷизӣ дар сухан, натиҷаи ба роҳи осони нораво даромадан аст.

Айби дувуми ин ҷумла дар ибораи беморони меъдаю рӯда мебошад. Андак мулоҳиза кунед, ки бемори меъда чӣ маънӣ дорад? Аз маъниро маҳрум аст! Муаллиф беморонеро, ки ба дарди меъдаю рӯда гирифтор шудаанд, дар назар дорад. Вале ин маъниро ба он тарз, ки дар ҷумлаи ӯ мебинем, ифода кардан ҷоиз нест. Ҳам беморони меъдаю рӯда ва ҳам туршии камдошта гувоҳ аст, ки гӯянда дуруст гап зада наметавонад. Навиштаи ӯ қабохатест, ки бояд ҳаргиз ба матбуот роҳ намеёфт.

Ин аст, ки сифати феълии туршии камдошта ба ҷойи сифати мураккаби камтуршӣ омадааст ва такроран

пешина
аз 393
навбатӣ