Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

(«Марги судхӯр», пулҳои вақфи аз мадраса барои ҳуҷраҳояш оянда («Марги судхӯр»).
Ин сифатҳои феълӣ аз чандин калима иборат буда, баъзеашон аз феъли таркибӣ сохта шудаанд (аз «интизорӣ кашидан» ва «палав хӯрдан») илова бар ин дар ҳайати худ пешоянду пасоянд, ҳатто феъли ҳол ҳам доранд («истода», «рафта»). Бо вуҷуди ин, онҳо гарон ва бесару нуг наменамоянд, табиъӣ воқеъ шудаанд. Дар ин мавриди васеъ шудани таркибии сифати феълӣ имкониятҳои онро зиёд кард, сифати феълӣ пургунҷоиш шуд. Ин дар ҳақиқат як иқдоми навоварона дар роҳи кашфи имкониятҳои тоза аз шаклу воситаҳои мавҷуда буд.
Сифати феълии тафсилин бо -анда сохташуда имрӯз ҳам дар матбуот ва адабиёти бадеӣ гоҳ-гоҳ ба назар мерасад: Ин ягона воситаи дар дилу шуури одамон бедоркунандаи хислатҳои нек мебошад: буржуазияи демократии пур аз мавҳумоти либералии ҳар замон аз либерализм ғизогиранда ва ғайра.
Азбаски ин навъи сифати феълӣ дар таркибаш пуркунандаи муайянкунанда, феъли ҳол ва ғайраро фаро гирифта метавонад, муҳимбарору мушкилкушо буда, дар иборасозӣ кори моро осон мекунад. Вале мо одате дорем, ки ҳамин ки як тарзи нав, як воситаи осонкунандаи мушкилҳоро аз худ намудем, ба роҳи суиистифода медароем, мавқеу мавриди онро ба назар нагирифта аз ғайри зарурат ҳам ба кор мебарем. Мисоли онро дар баҳсҳои боло бисёр дидем. Суиистифода аз сифати феълии бо -анда сохташуда низ дар навиштаҳои мо кам нест.
Чунончи, гуфтаанд: одамони хӯрокро кам истеъмолкунанда. Ва ҳол он ки, ба фикри мо, ин ҷо мавриди сифати феълии тафсилӣ набуд ва ин ҳатто дар сурати аз ҷумла берун овардани ибора, ба танҳоӣ аз назар гузаронидани он ҳам маълум аст. Маъниеро, ки ин сифати феълии панҷҷузъа ифода кардааст, бо як калимаи хурди дуҷузъаи камхӯр адо кардан мумкин буд:
одамони камхӯр.
Дар ин сурат сифати феълӣ мушкилкушову муҳимбарор нест, балки монеае дар роҳи ҷустану ёфтани калимаи даркорӣ ва шаклу воситаҳои зарурӣ мебошад.
Ин ҳолро аз мисолҳои дигар ҳам дида метавонем.
Чунончи, гуфтаанд: бачагони бисёр гапзананда. Инро бачагони сергап ё пургӯй гуфтан даркор буд. Агар

пешина
аз 393
навбатӣ