Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Сифати феълии бо пасванди -гӣ сохташуда аз асри XIX ба забони адабӣ дохил гардид. Онро Аҳмади Дониш, устод Айнӣ ва қариб ҳамаи нависандагони ҳозираи тоҷик бо майли хотир истифода кардаанд. Бо вуҷуди ин аз чӣ сабаб бошад, ки баъзе аз аҳли қалам аз шакли халқии он ор карда, пасванди -гӣ-ро мепартоянд ва бо ин кор гӯё онро ба шакли адабӣ медароранд. Ба гумони мо, меомада, мерафта, мегуфта ва монанд инҳо дар натиҷаи ҳамин ор карданҳои нобаҳангом пайдо шуд. Шояд мо хато кунем ва ин ҷо сабаби ҷиддитаре мавҷуд бошад, лекин ҳанӯз ба назари мо дигар сабабе нарасидааст.

Ба ин мулоҳизаҳо ақидаи мо ин аст, ки сифати феълие, ки бо пешванди ме- сохта шудааст, вале бе пасванди -гӣ омадааст, бофтаи беэҳтиётии баъзе аз аҳли қалам буда, дар забони адабӣ ҳуқуқе надорад. Онро ё бо пасванди -гӣ кор фармудан даркор аст ё аз баҳри пешванди ме- ҳам баромадан лозим меояд.

ПАСВАНДИ -АНДА

1

Чунонки дар баҳси боло дидем, сифати феълӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ хеле фаъол шудааст. Ин афзоиши фаъолиятмандии он дар баъзе мавридҳо ба фарҳанги сухан зиён меорад. Аз фаъол гардидани дигар навъи сифати феълӣ, ки бо пасванди -анда сохта мешавад, низ ба ин ҳақиқат бовар ҳосил метавон кард.

Фаъол шудани пасванди -анда аз солҳои сӣ оғоз ёфт. То он вақт дар забони тоҷикӣ бо -анда бештар аз асоси феълҳои сода калимаҳои кӯтоҳи мӯҷаз аз қабили гӯянда, шунаванда, ҷӯянда, ёбанда, оянда, раванда, нависанда сохта мешуданд, аммо аз солҳои сӣ ин навъи сифати феълӣ ба шакли ибораи серҷузъу серкалима низ инкишоф ёфтан гирифт. Дар навиштаҳои устод Айнӣ аз нимаи солҳои сӣ чунин ибораҳои сифати феълӣ пайдо шуданд: дар навбати қатл истода интизори марги худро кашандагон («Ҷаллодони Бухоро»), шахси монанди гадоён аз мурдаҳои ношинос ҷартишгиранда, ба тӯйҳои нохонда рафта палавхӯранда.

пешина
аз 393
навбатӣ