Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ки аз худи онҳо беҳтар бошад, метавон иваз кард.
Мо бояд ба ганҷинаи классикии забон бо ниҳояти эҳтиёткорӣ наздик шавем ва дурдонаҳои онро ба ҳар чиз иваз накунем.
Дар як мақола ин ҷумла ба назар расид: «Мисраъҳои Ҳофизи каломаш шаккарин дар ин ҷо маҳфуз буд».
Модоме ки сухан аз Ҳофиз меравад, ба назари мо, чунин ибораеро ба кор овардан лозим набуд. Чун аз Ҳофиз сухан сар кардем, мавриди шаклҳои классикӣ меояд. Аз ин рӯ, аз калимаҳои классикии шаккаргуфтор, шаккарзабон, шаккарсухан, шаккарлаҳҷа, шаккаринлаб ва монанд ба инҳо намуна гирифтан даркор буд. Албатта, мо гуфтанӣ нестем, ки муаллиф дар ин маврид ба услуби замони Ҳофиз бояд сухан меронд ва ҷумлаҳо меорост. Лекин як андоза риоя кардани услуб ва хусусан худдорӣ аз шаклҳои махсуси имрӯз шарт буд.
Боз ҳам ба назари камина чунин мерасад, ки дасташ гул ё деворҳояш похсагин гуфтан осонтар аз кофта ёфтани калимаҳои рехтаи классикисохти гулдаст ва похсадевор мебошад. Дар бисёр мавридҳо маҳз бо роҳи осон рафтан ва аз ҷустуҷӯ гурехтан, маҳз осонҷӯйиву шитобкорӣ муайянкунандаҳои дорои -аш-ро ба миён меорад. Маҳз ба ҳамин сабаб ин навъи муайянкунанда ҷойи калимаи мураккабро гирифта истодааст. Инак чанд мисол, ки гувоҳи ин ҳақиқат аст:
Идора дар бинои болояш шифер пӯшонидашуда ҷой гирифта буд.
Як духтараки гарданаш дарозу чашмонаш калон пеш гузашт.
Кӯпрукҳои пояаш сустро об мебарад.
Ҷавонмарди либосҳояш рангин аппаратро идора мекард.
Қолинҳои бофташон дастӣ намоиш дода шуд.
Аз ин мисолҳо хусусан ҷумлаи якум, ки аз як роман гирифта шудааст, масъаларо беҳтар равшан мекунад. Ин ҷумла чунон аст, ки барои сохтани ибораи дарозу дӯққии болояш шифер пӯшонидашуда ҳеҷ эҳтиёҷ набуд. Ин маъниро бо калимаи шиферпӯш ифода кардан мумкин аст. Бинои шиферпӯш (монанди хонаи хаспӯш) ҳамон бинои болояш шифер пӯшонидашуда мебошад. Ба ҷойи калимаи рехтан дуҷӯзъан шиферпӯш оварда шудани ибораи носуфтаи чорчӯзъан болояш шифер пӯшонидашуда гувоҳӣ медиҳад, ки нависанда ҳангоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё