Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ба қалам додани ин ҷумла ба тақозои табъи салим амал накардааст. Ҳар бор ки ба ҷойи як калимаи мураккаби суфтаву рехта як ибораи дарози носуфтаро мебинем, тасаввуре пайдо мешавад, ки қаламкаш дар сухан оҷиз аст, суханро ба тарзе ки лозим аст, гуфта наметавонад, сухандон ва мавридшинос нест. Албатта, маҳфуми мазкурро бо муайянкунандаи дорои -аш ҳам ифода кардан мумкин аст, вале ба шарте, ки зарурати махсусе пеш омада бошад. Агар зарурати махсусе дар миён набошад, чигунагибино бояд бо калимаи шиферпӯш ифода шавад ва фақат, масалан, ҳангоме ки дар китоби луғат маънои онро эзоҳ додан даркор шуд, мумкин аст гӯем, ки шиферпӯш — болояш бо шифер пӯшонидашуда. Яъне болояш бо шифер пӯшоридашуда эзоҳи калимаи шиферпӯш аст. Нависанда шарҳу эзоҳи маънои калимаро ба ҷойи худи калима овардааст, кореро, ки дар китоби луғат кардан даркор буд, дар роман кардааст. Ин бешубҳа, мавридношиносист.

Дар дигар ҷумлаҳое, ки дар боло овардем, низ беҳтар мебуд, ки муайянкунандаи дорои -аш бо калимаи мураккаб иваз шавад. Чунончи, ба ин тарз: духтараки гарданаш дарозу чашмонаш калон — духтараки гардандарозу чашмкалон, кӯпрукҳои пояш суст — кӯпрукҳои сустпоя, ҷавонмарди либосҳояш рангин — ҷавонмарди рангинлибос, қолинҳои бофташон дастӣ — қолинҳои дастӣбофт.

Вақте ки кинотеатри дорои экрани васеъ пайдо шуд, онро аввал кинотеатри экранаш васеъ гуфтанд, вале баъдтар номи кинотеатри васеъэкран пайдо шуд, ки беҳтар аст ва аз ин рӯ қабул гардид. Аз ин қиёс беҳтар аст, ки милтиқи калибраш хурд милтиқи хурдкалибр гуфта шавад, духтуре, ки бо сӯзани тилло сӯзанкорӣ мекунад, духтури сӯзанаш тилло не, балки духтури сӯзанкори тиллосӯзан ё ки духтури сӯзантилло номида шавад, сигарети никотинаш кам сигарети камникотин ном бурда шавад ва ҳоказо.

Дар бобҳои гузашта дида будем, ки бисёр ибораҳои дарози ноҳамвор дар навиштаҳои имрӯза аз надонистани қадри калимаи мураккаб ба вуҷуд омада истодаанд. Инро дар ҳаққи муайянкунандаҳои дорои -аш низ гуфтан лозим аст. Бояд фаромӯш накунем, ки ин навъи муайянкунанда ба ибораю ҷумла кам ё беш, гоҳ андаке ва гоҳ хеле ноҳамвориву гаронӣ меорад.

пешина
аз 393
навбатӣ