Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ин эзоҳҳои устод Айнӣ бағоят ибратомуз аст. Устод бо ин эзоҳоташ тавоной ва имкониятҳои бепоёни калимаҳои мураккабро намоиш додааст. Чун инҳоро аз назар мегузаронем, дар ҳайрат мемонем, ки агар кас ҳунар дошта бошад, чӣ калимаҳои зебо ва пурғунҷоиш сохтан мумкин будааст.
Вазифаи мо қаламкашҳост, ки ин таҷрибаи устодро омӯзем ва дар мавридҳои зарурӣ барои ба ӯ пайравӣ кардан бо эҳтиёткории тамом бикӯшем.
Лекин бояд фаромӯш накунем, ки калимасозӣ кори саҳл нест. Агар ҳама ба сохтани калимаҳои мураккаб саргарм шавем, аз эҳтимол дур нест, ки ҳарҷу марҷ дар забон бисёртар шавад. Бе ин ҳам шумораи калимаҳои мураккаби вайронсохт дар навиштаҳои мо рӯз то рӯз меафзояд. Дар ин кор худсарӣ бисёр рӯй дода истодааст ва инро пешгирӣ кардан зарур аст.
Дар айни ҳол аз сохтани калимаи мураккаб гузир нест. Мо дар ин боб ва чанд боби гузашта дидем ва минбаъд боз хоҳем дид, ки ба ҷойи як калимаи сода ё мураккаб овардани ибораи серҷузъ ё ноҳамворе аз нуқсонҳои асосии фарҳанги сухани имрӯза аст. Барои аз ин норасоӣ халосӣ ёфтан лозим меояд, ки захираи луғавии забони модарӣ, аз ҷумла захираи бепоёни калимаҳои мураккабро бештар аз худ кунем ва гоҳ-гоҳе, агар зарур шавад, ба сохтани калимаи мураккабе ҷуръат намоем. Аз ин рӯ, ба хубӣ донистани усул (принсипҳо)-и асосии калимасозӣ аз нахустин шартҳои ҳунари қаламкашист. Касе, ки қалам ба даст гирифт, омӯхтани одитарин қолибҳои калимаи мураккаб ба қатори якумин вазифаҳои ӯ медарояд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки иҷрои ин вазифа дар сурати диққаткорӣ чандон душвор нест. Калимаи мураккаб дар навиштаҳои рӯзноманигорон, нависандагон ва олимшавандагони ҷавон ҳам бисёр дида мешавад. Нависандаи ҷавоне чунин ҷумлаҳо дорад: «Ғазики зардчаранже омад... Ҷавони китфвасеъ аз мошин фуромад». Агар гумон кунем, ки калимаҳои мураккаби зардчаранг ва китфвасеъ чун калимаи маъмули таййёре аз андӯхтаҳои забон ба шуури нависандаи ҷавон роҳ ёфта, ба нуги қалам омадааст, шояд саҳв шавад. Аз эҳтимол дур нест, ки нависанда он лаҳза, ки қалам меронд, дар захираи забон мавҷуд будан ё набудани ин калимаҳоро фикр накарда буд ва онҳо худ ба худ ба қалам омадаанд, яъне ба андозаи муайяне

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ