Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
метавон гуфт, ки азбаски як қолиби калимаи мураккаб дар зеҳни ӯ нишаста буд, худи ӯ ин калимаҳоро сохт. Истифодаи калимаи мураккаб ҳамеша лоақал андаке бештар аз баъзе лаҳзаҳои дигари қаламронӣ ҷанбаи эҷодӣ дорад. Лекин агар ба ҷойи он калимаҳо ибораҳои рангаш зардча ва китфаш васеъ қаламӣ мешуд, бешубҳа, дар ин лаҳза тафаккури ӯ камтар ҷанбаи эҷодкорӣ медошт, зеро тартиб додани ин ибораҳо дар ин маврид кори одист. Ҷанбаи эҷодкорӣ дар ҳамаи лаҳзаҳои қаламронӣ (на фақат дар истифодаи калимаи мураккаб) бояд пурзӯр бошад. Он гоҳ на фақат баён ва ифодаи фикр шакли дуруст мегирад, балки дар услуб нишонаҳои хос падид меоянд.
Афсӯс ки гоҳ савияи эҷодӣ аз чизҳои муқаррарӣ болотар намемеравад. Истифодаи калимаҳои маъмуле аз қабили зардчаранг ва китфвасеъ фақат пояи якум дар муносибати эҷодкорона аст. Агар фикри ҷӯянда дар пояи якум монад, дар андак муддат шах мешавад ва аз қувваи эҷодкорӣ маҳрум мегардад. Онро ҳатман аз ин поя болотар бурдан лозим аст. Ҳамин кӯшиш барои ба пояҳои баландтар расидан гоҳ кам мушоҳида мешавад. Дар ҳамон асаре, ки калимаҳои зардчаранг ва китфвасеъ ба кор рафта буд, андак поинтар ибораи велосипеди дастааш чармин ба чашм расид. Албатта, ин ибора чӣ ба эътибори сохт ва чӣ аз ҷиҳати маъно тамоман қобили қабул аст. Лекин агар нависандаи ҷавон муайянкунандаи ин ибораро ба шакли чарминдаста ё чармдаста медаровард, ба ақидаи мо, дар эҷодкорӣ як поя боло мерафт. Ба кор бурдани чунин калимаҳои номаълуми зарурӣ ҷидду ҷаҳди эҷодиро бештар лозим дорад ва аз ин ҷаҳду ҷадал набояд худдорӣ кунем. Он ҷо ки зарур аст, ҷустуҷӯро бояд дареғ надорем.
Мавридҳое меоянд, ки муайянкунандаи дорои -аш аз калимаи мураккаб беҳтар воқеъ мешавад. Дар ҳамон асар чунин ҷумла ҳаст: «Вай дар чашм айнаки сиёҳи қолабаш мисранг дошт». Агар дар ин ҷумла ба ҷойи ибораи қолабаш мисранг калимаи мисранқолаб меомад, шояд ҷумла вазнинтар мешуд ва ин калимаи мураккаби сеҷузъа як андоза сунъӣ ба назар менамуд. Бино бар ин дар ҷумлаи мазкур аз калимаи мураккаб худдорӣ карда ба муайянкунандаи дорои -аш рӯй овардани нависандаро нишонаи мавридшиносӣ донистан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ