Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«ИСТЕЪДОД»
Дар матбуоти мо ибораҳои истеъдодҳои халқӣ, истеъдодҳои ҷавон ва мисли инҳо бисёр дида мешавад. Як маҷмӯаи нависандагони навкалам низ бо номи «Истеъдодҳои ҷавон» чоп шуда буд.
Ин ҷо дар истеъмоли калимаи истеъдод эрод ҳаст. Истеъдод лаёқат, қобилият, салоҳият гуфтан аст. Яъне мумкин аст, ки одам истеъдод, лаёқат ва қобилият дошта бошад, аммо агар одам соҳиби истеъдод ва қобилият бошад, ӯро боистеъдод, истеъдоднок, соҳибистеъдод, қобилиятнок ва ғайра меноманд. Лекин худи одамро истеъдод ва қобилият номидан мумкин нест. Одам истеъдод нест, балки соҳиби истеъдод аст. Бино бар ин на «истеъдодҳои халқӣ» ва «истеъдодҳои ҷавон», балки соҳибистеъдодҳои халқӣ, ҷавонони соҳибистеъдод, ҷавонони боистеъдод гуфтан лозим аст.
Асли ин хато ҳам аз тарҷумонҳо сар задааст. Дар забони русӣ калимаи талант ду маъно дорад: якум — истеъдод, қобилияти фитрӣ; дувум, маҷозан — одами боистеъдод. Ҳардуи ин маъно ҳам дар луғати русӣ-тоҷикӣ (А. Деҳотӣ ва Н. Н. Ершов) қайд шудааст. Лекин аз чӣ сабаб бошад, ки тарҷумонҳо дар байни ду маънои як калима фарқе надидаанд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки дар русӣ «талант» ду маъно дошта бошад, дар тоҷикӣ «истеъдод» танҳо ба яке аз ин маъноҳо мувофиқ меояд. Фақат як маъно доштани истеъдод дар луғати тоҷикӣ-русӣ ҳам зикр шудааст. Аз ин сабаб ба мо маълум нест, ки чаро истеъдод барои ифодаи ҳарду маънои калимаи талант баробар истифода шуда истодааст.
Ин аст, ки ин ҷо ҳам ба калима ғайри маънои худаш маъное нисбат додан мушоҳида мешавад.
Баъзеҳо ақида доранд, ки дар байти зерини Бедил истеъдод ба маънои шахс омадааст;
Арсаи офоқ ҷавлонгоҳи истеъдодҳост,
Ҳар киро дидем, раҳии ҳиммате ҳай мекунад.
Ин ҷо ҳам агарчи истеъдод ба шакли ҷамъ аст, маънои лаёқату қобилият ва тавоноиву қудратро дорад, на соҳиби онҳоро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё