Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ин қоида дар китобҳои грамматикаи мактаби миёна ҳам қайд шудааст.
Аз чӣ сабаб бошад, ки аҳли матбуот ин қоидаро эътироф намекунанд ва мехоҳанд, ки онро аз дастури тоҷикӣ кӯр кунанд. Онҳо дар ин маврид низ дар матбуоти тоҷикӣ аз рӯйи қоидаҳои забони русӣ қалам меронанд.
Зиёда аз ин, аҳли матбуот исмро на танҳо бо нумеративи «нафар» ба шакли ҷамъ меоранд, балки баъзан ин қоидаро ба дигар нумеративҳо низ татбиқ менамоянд. Онҳо баъзан тамоман фаромӯш мекунанд, ки дар забони тоҷикӣ даҳ сар говҳо не, балки даҳ сар гов, се дона қаламҳо не, балки се дона қалам гуфтан лозим аст. Дар шуури онҳо қоидаи русӣ ҷойи қоидаи тоҷикиро тамоман гирифтааст.
Мувофиқати мубтадову хабар дар забони адабии имрӯза нисбат ба забони адабии гузашта то андозае фарқ пайдо кардааст. Дар забони адабии асрҳои гузашта агар мубтадои ҷамъ одам бошад, хабари ҷумла ҳам ба шакли ҷамъ ва ҳам ба шакли танҳо меомад. Аммо дар забони адабии имрӯза агар мубтадои ҷамъ одамро ифода кунад, хабари ҷумла аксаран ҷамъ меояд.
Лекин бисёр тарҷумонҳо ва ходимони матбуот ин қоидаро нодуруст мефаҳманд. Онҳо ин қоидаро ба ғайри одам, ба ҳайвонот ва предметҳои беҷон ҳам татбиқ мекунанд, ки ин корашон дар аксари мавридҳо нодуруст аст. Масалан, онҳо мегӯянд: «Сулҳу амният ғалаба хоҳанд кард»; «Обҷкорӣ ва пахтакорӣ тараққӣ мекунанд»; «Кабобу май ба рӯйи дастархон омаданд, доираю най ба кор даромаданд».
Дар забони тоҷикӣ агар ҷумла мубтадои чида дошта бошад, одатан хабар гоҳ шакли ҷамъ мегирад ва гоҳ ба лафзи танҳо меояд. Дар ҷумлаҳои боло мубтадои чида на танҳо одамро ифода накардааст, балки асосан аз калимаҳои ҷуфт (сулҳу амният, пахтакорӣ ва обҷакорӣ, кабобу май) иборат аст. Ин гуна мубтадоҳои чида одатан ба ҳукми танҳо мегузаранд ва хабари онҳо низ бояд ба шакли танҳо бошад.
Ин тарз дар шакли ҷамъ мувофиқат додани мубтадову хабар дар матбуоти мо навъҳои дигаре ҳам дорад. Инак яке аз онҳо: «Ду эсминес ба бандар омаданд»;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо