Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

«Панҷ самолёт бедарак ғоиб шуданд»; «Ду нуқтаи назар ба якдигар муқобил меистоданд»; «Ҳарду ҳуҷҷат таассуроти калон бахшиданд»; «Дар сохтмони он роҳ чор ҳазор автомошина иштирок карданд».

Ҳангоме ки ман ин хел ҷумлаҳоро мехонам, ба назарам чунин менамояд, ки гӯянда эсминес ва самолётҳоро ҳурмат карда, бо «шумо-шумо» гап зада истодааст. Тартибдиҳандагони ин ҷумлаҳо ақида доранд, ки чун дар мубтадо ду-се чиз номбар шудааст, хабар бояд ҷамъ бошад. Ба фикри мо, баръакс агар дар ин мавридҳо хабар бо лафзи танҳо адо шавад, беҳтар аст, зеро он гоҳ ҷумла сабуктар ва мавзунтар мегардад.

Банда ақида дорам, ки ҳатто дар мавридҳое монанди мавриди зериц ба лафзи танҳо адо шудани хабари ҷумла ҷоиз аст:

«Баъзан дупула чизи бесуботу бехуда — андоми зебо, чашмони ғиро, суханони тафдор, мансаб, сарват чашми касро мебаранду ақлу ҳушро мегиранд».

Чаро ин ҷо танҳо омадани хабар ҷоиз аст? Чунки мубтадои аслӣ «чиз» («дупула чизи бесуботу бехуда») мебошад ва танҳост. Нависанда мубтадоро аввал ба лафзи танҳо зикр карда, сонӣ эзоҳоти онро ба шакли ҷамъ ва чун аъзоҳои чида овардааст («андоми зебо, чашмони ғиро, суханони тафдор, мансаб, сарват»). Ҳамаи инҳо ҳам мубтадо мебошанд. Азбаски инҳо ҳама ба шакли ҷамъ омадаанд, муаллиф комилан ҳақ дошт, ки дар хабари ҷумла ҷамъбандӣ ба кор барад. Лекин танҳо будани мубтадои аслӣ — «чиз»-ро ба назар гирифта, хабарро танҳо овардан ҳам мумкин буд. Ба назари мо, агар аз аҳли қалам талаб кунем, ки дар ҳамаи чунин мавридҳо хабар бояд ҳатман ҷамъ бошад, нодуруст мешавад. Дар чунин мавридҳо хабари ҷамъу танҳо баробарҳуқуқ аст.

Аз он чӣ ки ин ҷо дар бораи мувофиқати мубтадову хабар дар шумора гуфта шуд, Раззоқ Ғаффоров чунин натиҷа гирифта буд: «Аз ин гуфтаҳо чунин ба назар мерасад, ки Шукуров бештар тарафдори он аст, ки дар сурати дар шакли ҷамъ омадани мубтадо хабар ба шакли танҳо ба кор бурда шавад. Аммо мушоҳидаи ҷараёни имрӯзаи инкишофи забони адабӣ дар бисёр мавридҳо акси инро нишон медиҳад»1.

1 Ғаффоров Р. Дар боби ҳусни сухан. «Садои Шарқ», 1969, № 5, саҳ. 127.

пешина
аз 393
навбатӣ