Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

Ба ин муносибат бояд гуфт, ки муаллифи ин сатрҳо ҳатман ба лафзи танҳо овардани хабари ҳамаи мубтадоҳои ҷамъро ҳаргиз талаб намекунад. Оре, дуруст аст, ки забони адабии ҳозираи тоҷикӣ имрӯз рӯ ба сӯйи мувофиқати куллии мубтадову хабар дар шумора рафта истодааст: мубтадои ҷамъ аксаран аз пайи худ хабари ҷамъро меорад. Хоҳ мубтадо шахс ё ғайри шахс ва предмети беҷон бошад, хоҳ бо шумораю исм ифода шуда, байни онҳо нумеративе мавҷуд бошад ё набу- шад, бештар хабар шакли ҷамъ мегирад. Ин равияи асосии инкишофи забони адабӣ буда, устод Айнӣ дар устувор шудани он бо эътибори сухани худ роли калон бозидааст. Мо инро равияи дуруст ва муҳим мешумо- рем. Вале ин гап чунин маъно надорад, ки дар ҳамаи мавридҳо мубтадо ҷамъ бошад, бояд хабар ҳатман ҷамъбандӣ шавад. Мо дар бобҳои гузашта чанд бор дидем, ки бисёре аз аҳли қалам дар замони мо ҳамин ки як ҳодисаи нави забонро аз худ карданд, онро суи- истифода менамоянд, бе он ки бо назари эҷодкорӣ ни- гоҳ кунанд, тӯтивор такрор кардан мегиранд, дар на- тиҷа дар он чизи нави муҳим маъниву маза намемонад. Ҳамин ҳолат дар ҷамъбандии мубтадову хабар ҳам рӯй дода истодааст.

Мо фақат ҳаминро таъкид кардан мехоҳем, ки дар масъалаи ҷамъбандии мубтадову хабар қоидаи асосӣ мутлақ нест. Бисёр мавридҳое ҳастанд, ки мубтадои ҷамъ бояд бо хабари танҳо ояд. Инро бояд фаромӯш накунем. Муайян кардани ин ки дар кадом мавридҳо бо хабари танҳо омадани мубтадои ҷамъ мумкин ё беҳ- тар аст, кори минбаъда буда, иҷрои онро аз забонши- носон чашм дорем. Мо ин ҷо фақат барои андеша ан- дак мавод пешниҳод кардем, вале ҳалли масъала дар пеш аст.

Аз ин маводи мо тамоман равшан аст, ки масъалаи ҷамъбандӣ дар фарҳанги сухан бағоят аҳамияти калон пайдо кардааст ва мӯҳтоҷи муҳокимаи ҳамаҷонибаи дастҷамъист. Ин зарурӣ аз он ҷо сар мезанад, ки як қисми аҳли қалам дар ин масъала ҳадду андозаро риоя намекунанд. То чӣ андоза расидани бедиққатӣ аз мисолҳои поин ҳам маълум мегардад.

Ҳоло қаламкашҳои мо чунон саргарми ҷамъбандӣ

пешина
аз 393
навбатӣ