Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷумлаи дувумро бо ин сар кардан даркор буд. Ин асар дар адабиёти тоҷикӣ ҳодисаи нав аст, гуфтан лозим буд. Чаро? Чунки дар ҷумлаи якум сухан аз романи «Норак» рафтааст. Дар ҷумлаи дувум муаллиф ҳамин асари муайянро ба назар дорад, на умуман асареро. Аз ин рӯ, дар ҷумлаи дувум бояд ин асар гӯён гап сар кунад, то маълум шавад, ки худи ҳамин романи «Норак»-ро дар назар дорад. Дар ин маврид ҳатман «асар»-ро бо зикри «ин» мушаххас кардан даркор аст, бо як асари муайян, ки дар ҷумлаи пеш номбар шуда буд, алоқаманд намудан шарт аст. Вагарна «асар» номушаххас ва номуайян буда, мафҳуми умумист, фақат умуман асареро ифода менамояд.

Пас аз ин эзоҳ ду ҷумлаи болоро ба шакле, ки лозим аст, менависем ва бинед, ки маънӣ то чӣ дараҷа равшан шуд:

«Мехоҳам дар бораи романи «Норак» батафсилтар таваккуф намоям. Ин асар дар адабиёти тоҷикӣ рӯйдоди нав аст».

Акнун боз ба як ҷумла, ки дар боби гузашта зикр карда будем, рӯй меорем, лекин ин бор онро якҷоя бо ҷумлае, ки аз пасаш омадааст аз назар мегузаронем:

«Ҳумой аз ҳарам берун шуда, ба пири деҳқон дучор омад. Пир шаҳзодаро ба назди фағфур бурд».

Дар боби гузашта гуфта будем, ки дар ин маврид «пири деҳқон» бояд бо артикли номуайяни оварда мешуд, яъне ба як пири деҳқон ё ки ба пири деҳқоне дучор омад гуфтан даркор буд. Зеро агарчи деҳқон будани пир маълум шуд, азбаски якумин бор аз ӯ сухан рафт, ба ҳар ҳол ҳанӯз номуайян аст. Аммо дар ҷумлаи дувум лозим аст, ки пир аломати муайянӣ дошта бошад, чунки сухан аз ҳамон пире меравад, ки дар ҷумлаи якум зикр шуд. Ҳамон пири деҳқон будани ӯро дар ҷумлаи дувум бо ишоратҷонишини ин (ё ки он) ифода кардан даркор аст. Он гоҳ ҷумлаҳои боло, масалан, ин шаклро ба худ мегиранд:

«Ҳумой аз ҳарам берун шуда ба як пири деҳқон дучор омад. Ин пир шаҳзодаро ба назди фағфур бурд».

Дар ин сурат мантиқи рафти фикр намоён хоҳад шуд. Агар дар ҷумлаи дувум ин зикр нашавад, пир на шакли муайянӣ дорад, на шакли номуайянӣ, ки ин ба рафти фикр ҳаргиз мувофиқ намеояд: мантиқан модоме ки пир дувум бор зикр шуд, ё то андозае муайян

пешина
аз 393
навбатӣ